Устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва навоварӣ дар идораи захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо баррасӣ шуд

Март 1, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осиёи Марказӣ таъмини оби нӯшокӣ ба ҳар нафар чор маротиба коҳиш ёфтааст. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Душанбе таҳти унвони «Тақвияти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навовариҳо дар идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо» бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода гуфт, ки обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Обшавии пиряхҳо аллакай сабаби кам шудани захираҳои обӣ дар ҷаҳон гардидааст. Дар Осиёи Марказӣ таъмини оби нӯшокӣ ба ҳар нафар чор маротиба коҳиш ёфтааст – аз 8,4 ҳазор м³ дар соли 1960 то 2,1 ҳазор м³ то имрӯз. Ин раванд дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад: обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида сатҳи баҳрҳоро боло бурда, ба ҳаёти миллионҳо нафар дар кишварҳои ҷазиравӣ ва соҳилӣ таҳдид менамоянд.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ин нуктаро бори дигар тасдиқ намуд.

Аҳамияти пиряхҳо дар таъмини ҳаёти инсоният ва экосистемаҳо ниҳоят бузург аст, зеро онҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ ва манбаи устувори муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Боиси нигаронӣ аст, ки дар даҳсолаҳои охир бинобар таъсири тағйирёбии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин метавонад боиси камбуди об, тағйироти ҷиддии экологӣ ва таназзули иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардад.

Дар конфронс натиҷаҳои экспедитсияи пиряхшиносӣ ва моделсозии глятсио-гидрологӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон пешниҳод шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд