Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Русия ба имзо расид

Апрель 24, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ 23 апрел дар Душанбе зимни мулоқоти Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Русия  Дмитрий Аристов  баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷро хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд.

Дар доираи вохӯрӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Русия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд.

Имзои ин барнома ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкорӣ ва муттаҳид сохтани талошҳо барои ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.

 

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид