Чи гуна шавқи мутолиаи китобро дар байни наврасон афзун намоем?
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони соҳаи табъу нашр, корхонаҳое, ки китоб омодаю таҳия ва нашр мекунанд, бояд қолаби нави китобҳоро вобаста ба синну соли кӯдакон омода намоянд. Агар аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта мисол оварем, дар он ҷойҳо ҳар китобе, ки барои кӯдакон омода карда мешавад, дар шакли ашёи гуногун, аз қабили дарахт, ҳайвон, гул, торту шириниҳо ва ғайра аз нуқтаи назари дизайн ва зебоию полиграфӣ бо расму рангҳои зебо таҳия карда мешавад. Вақти он расидааст, ки ноширони мо низ завқу салиқаи хонандагони хурдсолро ба инобат гирифта, мувофиқ ба он китоб таҳия намоянд. Дар ин кор бояд нашриёт бо дизайнерони хуб якҷоя фаъолият кунанд.
Ин матлаб зимни Конференсияи илмию амалии «Ҷойгоҳи китобу китобхона дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас», ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Конференсияи илмию амалӣ ба Ҳафтаи илм, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба китоб, ки аз қадимулайём хоси миллати мо буд, тадриҷан эҳё шуда, ҳамчун анъанаи нек ва арзиши хоси даврони истиқлол яке аз дастовардҳои беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.
Дар конференсия 10 маърузаи ҳайати омӯзгорону профессорон ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) оид ба масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ва библиографӣ пешниҳод гардид.
Дотсент Гадобек Маҳмудов дар мавзуи «Нақши китобхона дар ташаккули завқи кӯдакону наврасон ба адабиёт» маъруза намуда, оид ба фаъолияти китобхонаҳои бачагона, нашри адабиёти кӯдакона, роҳҳои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар ин самт ибрози назар намуд.
«Вақти он расидааст, ки ноширони мо низ завқу салиқаи хонандагони хурдсолро ба инобат гирифта, мувофиқ ба он китоб таҳия намоянд. Дар ин кор бояд нашриёт бо дизайнерони хуб якҷоя фаъолият кунанд. Боварӣ дорам, ки агар ба писараке китоберо бо шакли мошинча тақдим кунем, то дер гоҳ аз болои он сар набардошта, машғули хондани «мошинаш» мешавад», -изҳор намуд Гадобек Маҳмудов.
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкада Зафари Шариф изҳор намуд, ки хониши кӯдакону наврасон яке аз проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва педагогӣ — психологӣ ба шумор рафта, аз ҳалли мусбати он пайомадҳои тарбияи насли навраси ҷомеасоз, насле, ки қодир аст на танҳо барои худ, балки барои ояндагон низ ҷомеаи солим бунёд кунад, вобастагии амиқ дорад.
«Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имрӯз неруҳои илмию эҷодии мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Зеро имрӯз танҳо шиква аз «китоббезорӣ» ва «китобситезӣ»-и насли наврас барои ҷомеа нафъе надорад. Дар ин самт ташкил ва гузарондани таҳқиқоти мақсадноку доманадори иҷтимоии хониши кӯдакону наврасон ниҳоят зарур мебошад»,-гуфт ӯ дар идома.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд






