Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Фестивал — озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» бо мақсади рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифату ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ ва муайянсозии тамоюлоти нав дар соҳа доир мегардад. Инчунин ба ин васила тарғиби истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо истифодаи рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон бештар мешавад.
Ҳоло фестивал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Дар он аз ҷониби ҳунармандон ҳунари кашидадӯзӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






