Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Президенти Узбекистон бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Апрель 8, 2025 11:10

 ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканд Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов, Торага Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ва Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова иштирок намуданд.

Дар мулоқот  аҳамияти ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки бори аввал дар минтақа баргузор шуд, махсус таъкид гардид.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни мамлакатҳои бародар баррасӣ шуданд. Ба натиҷаҳои самарабахши саммити якуми Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Форуми иқлимӣ, ки 4 апрел дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот хусусияти таърихии вохӯриҳои ба наздикӣ дар минтақа гузаронида, аз ҷумла ҳалли пурраи масъалаҳои делимитатсияи сарҳадҳо ва имзои Шартнома дар шаҳри Хуҷанд дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки солҳои охир гардиши мол байни мамлакатҳо дар минтақа даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода мешаванд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои мамлакатҳо, барномаҳои ҳамкории пурмаҳсули фарҳангӣ ва таълимӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти тақвияти муколамаи парлумонӣ, аз ҷумла дар сатҳи кумитаҳо барои наздик намудани ду мамлакат ва халқҳо, пешбурди ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули башардӯстона таъкид гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд