Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо, протоколу харитаи роҳ, рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоя ва таҳкими кооператсияи саноатӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар шаҳри Тошканд дар ҷаласаи 105-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми якуми минтақаҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025» иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2025 ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин замина, дар Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд дар доираи консепсия ва нақшаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ пешбинӣ гардидааст.









ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» шинос шуданд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад






