Ғолибони Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Хуросон муайян шуданд

Апрель 11, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшо, Исроил Раҳимов, Ҳақназар Назаров, Саидмумин Файзов, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов, Ҳамроз Раҷабов, Сайраҳмон Расулов, Шаҳриёр Азизов, Зиёдулло Неъматов, Улуғбек Раҳимов, Хурсандмурод Алиев, Бобо Неъматов, Эрназаров Маҳмадамин, Муқдадири Бобоҷон, Раҳмоналӣ Азизов, Хаёмиддин Ҷабборов, Умар Шеров, Хурсандқул Куганов ва дигарон маҳорати арзанда нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.

Дар мусобиқа паҳлавонони Ҷумҳурии Узбекистон низ иштирок намуданд. Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва соҳибкорони бонангу номуси ин ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои калони пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.

Барои Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Хуросон ду паҳлавон- Ғазалшои Давлатшо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бектемур аз Ҷумҳурии Узбекистон давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.

Сипас аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ҳамин Шоҳҷоиза ба ҳарду паҳлавон ҳадя гардид.

Дар мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Хуросон ҳунар ва маҳорати паҳлавони ҷавони тоҷик Қоим Шукронов аз дигар паҳлавонон беҳтар буд, зеро ӯ бо як партофти зебо бар паҳлавони пурқувват ва шинохтаи Узбекистон Яшнар ғолиб омада, сазовори ҷоизаи олӣ гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид