Дар Шарҷа масъалаи тақвияти ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода бо муовини Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Абдурраҳмон Ал-Ҳавӣ дар доираи Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Шарҷа баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, савдо, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин соҳаҳои нави рушдёбанда чун рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ (AI) таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Фаррух Юсуфзода омодагии қавии Тоҷикистонро барои таҳкими муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва рушди шарикӣ бо сармоягузорони байналмилалӣ дар асоси устуворӣ ва технологияҳои муосир таъкид намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо манфиати муштараки Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабро дар самти таҳкими ҳамкорӣ ва истифодаи имконияти нави рушди мутақобил иброз доштанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад






