ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд

Июнь 30, 2026 10:46

ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон, хусусан баъди ба таътил баромадани хонандагону донишҷӯён соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳои мамлакат пур аз истироҳаткунандагон мегардад. Табиист, ки истироҳат дар ин гуна мавзеъҳо наметавонад бе оббозӣ гузарад. Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ чандин нафар наврасон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ, барои таъмини бехатарӣ, пеш аз ҳама бояд қоидаҳои оббозӣ карданро донистан лозим аст. Махсусан падару модарон бояд фарзандонро дар ин гуна ҷойҳо беназорат нагузоранд.

Тавре сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, новобаста аз он, ки ҳамасола дар ин мавсим аз ҷониби масъулини кумита байни аҳолӣ, хусусан кӯдакону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, ҳанӯз ҳам ҳолатҳоти ғарқшавӣ дар обҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Иттилоъ дода шуд, ки аз аввали сол то ин ҷониб дар мамлакат беш аз 70 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пеш аз оғози мавсими шиноварӣ пайваста ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат карда, ҳушдор медиҳанд: «дар бораи амнияту бехатарии худ бияндешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед! Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред».

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки дар назди маконҳои оббозӣ лавҳаҳои махсуси огоҳкунанда насб гардидаанд. Инчунин мутахассисон дар ҷараёни машқҳои тактикӣ ба кӯдакону наврасон, ки ба оббозӣ машғул мешаванд ва ё бо волидони худ дар лаби ҳавзҳо истироҳат менамоянд, риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ мефаҳмонанд.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бори аввал бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст.

–оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад;

–пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард;

–оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

–дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард;

–аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад;

–ба об оҳиста дохил шуда, дар ҳолате, ки об то миён расад, истода, зуд ғӯта задан лозим аст. Агар шахс ба қувваи худ боварӣ надошта бошад, бояд танҳо оббозӣ накунад;

–дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан ва аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад;

–ба қаиқҳо наздик шудан мумкин нест;

–ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад;

–ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад;

Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад. Оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Гурӯҳҳои корӣ бо сокинон, хусусан кӯдакону наврасон ва калонсолоне, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Инчунин мутахассисони соҳа ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷотро меомӯзонанд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнуъ ва бе назорат мондани кӯдакон аз ҷониби калонсолон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, падару модарон огоҳ карда шуданд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан, дар таътили тобистона, ки бо гарм шудани ҳаво кӯдакону наврасон майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш тадбирҳои судманд андешанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин тадбирҳо аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2026 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд