139 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соҳиби аттестатҳои аъло бо медалҳои тилло ва нуқра гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли равон аз шумораи умумии довталабони ба озмун роҳёфта 14 нафар соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 55 нафар соҳиби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 64 нафар соҳиби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 5 нафар соҳиби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра ва 1 нафар соҳиби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра гардиданд.
Ба озмун аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ 178 довталаб пешниҳод гардида, пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳо 139 нафар ба озмун роҳ ёфтанд.
Дар озмун аз шаҳри Душанбе 36 нафар, вилояти Хатлон – 61 нафар, вилояти Суғд – 27 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 9 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 намоянда иштирок намуд.
Таъкид гардид, ки теъдоди хатмкунандагони сазовори аттестатҳои аъло ва медалҳои тиллою нуқра сол ба сол афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, соли 2021 ин нишондиҳанда ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст.
Афзоиши шумораи хатмкунандагони соҳиби медал аз баланд гардидани сифати таҳсил, фаъолияти босамари омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон шаҳодат медиҳад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ эътироф гардидааст. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, инчунин омода намудани кадрҳои донишманду рақобатпазир аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки озмун имкон медиҳад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва қобилияти зеҳнияшонро дар фазои рақобати солим нишон диҳанд. Натиҷаи озмун бори дигар собит намуд, ки дар муассисаҳои таълимии мамлакат хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёд буда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба ғолибони озмун «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд
Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад






