Дар дурдасттарин канори Тоҷикистон фиристандаҳои гуногуниқтидори рақамӣ насб шуданд-бардошт аз нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Роғун, Лахш, Рӯшон, Ёвон, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, ҷамоатҳои деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва Ворухи ноҳияи Исфара фиристандаҳои гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иттилоъ дод.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳамчунин дар деҳаи Негноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент 3 адад фиристандаи телевизионӣ барои шабакаҳои телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», дар деҳаи Гиждараи шаҳри Панҷакент фиристандаи телевизионӣ барои пахши барномаҳои телевизиони «Сафина», дар деҳаҳои Бодоми ноҳияи Роштқалъа ва Вери ноҳияи Шуғнон фиристандаҳои гуногуниқтидор барои барномаҳои телевизионҳои «Сафина» ва «Баҳористон», дар ҷамоати Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав ду адад фиристандаи телевизионӣ барои пахши шабакаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» ва «Сафина», дар деҳаҳои Путовқули ноҳияи Лахш, Работи шаҳри Турсунзода ва ҷамоати Алисурхони ноҳияи Сангвор фиристандаҳо барои пахши барномаҳои «Телевизиони Сафина» насб ва ба истифода дода шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни ширкати «Yahlive» кумаки техникӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рақамӣ, мултиплексорҳо, модуляторҳо, қувватфизоҳо ва мавҷгир бо қутри 5 метр ворид гардид.
Инчунин зикр гардид, ки дар самти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати мубориза бо паҳншавии бемории коронавирус саҳми кормандони эҷодиву техникии Кумитаи телевизион ва радио ниҳоят бузург аст. Ҳамарӯза бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ роликҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи шабакаҳои телевизион ва радио пахш мешаванд. Дар баробари ин бо иштироки мутахассисони соҳаи тибби дохилу хориҷи мамлакат барномаҳои алоҳидаи телевизионӣ ва радиоӣ таҳия ва пахш шуданд.








«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПЕШВОИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСКОРИ ИҚДОМҲОИ ҶАҲОНӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор намуд
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






