Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба соли гузашта 13 рўз барвақттар ба анҷом расонида шуд

Декабрь 4, 2016 10:16

Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри афсарони пойтахт дар ҳузури Раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии ҷумҳуриявӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ — Артиши кишвар баргузор гардид.
Зикр шуд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба соли гузашта 13 рўз барвақттар аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шуд. Ҷавонони кишвар ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо ифтихори баланду масъулияти ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ муносибат намуданд.
Ба комиссияҳои даъвати тирамоҳии ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Зафаробод ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Носири Хисрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро дар даҳрўзаи аввал таъмин намуданд, арзи сипос карда шуд.
Комиссияҳои даъватии ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айни, Деваштич ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд, шаҳрҳои Сарбанд ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, шаҳри Роғун ва ноҳияи Сангвори тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар даҳрўзаи дуюм иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ бо «Раҳматнома» қадрдонӣ шуданд.
Дар ин давра фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бўстон, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҷ. Расулов, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун, Панҷ, Дўстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Фархор, Вахш, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон чандон муваффақ набуд.
Мутаассифона, дар ноҳияҳои Шаҳринав, Лахш, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Нуробод, Варзоб, Рўдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор бинобар сабаби дар асоси талаботи Қонун ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ба роҳ намондани корҳо иҷрои нақшаи даъват ғайриқаноатбахш аст.
Мутобиқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои даъватии шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳритузу Ховалинг, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои ташкил ва гузаронидани даъвати тирамоҳӣ маблағгузорӣ карда нашудаанд. Ин барои дер иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ сабаб гардидааст.
Тибқи таҳлили ҷойдошта, гарчанде нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2016 ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардида бошад ҳам, мушкилиҳои ин соҳа ҳалли худро тақозо менамоянд.
Мутаассифона, дар баробари дастовардҳо фаъолияти табибони ба комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҷалбшаванда ғайриқаноатбахшу номутобиқ ба талаботи «Низомномаи ташхиси тибии ҳарбӣ» баҳогузорӣ гардид.
Тазаккур бояд дод, ки омодагӣ барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ифодакунандаи муносибати самимона ба Модар-Ватан аст. Аз ин рў, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро (ба ғайр аз ш. Роғун ва н. Сангвор) зарур аст, ки ҷиҳати пурзўр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир ба сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки ба масъалаи таъмини либосу хўроки наваскарон ва ташкили шароити мусоид барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои қисмҳои низомию ҳарбӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, чунки ин омилҳо дар баланд бардоштани завқи ҷавонон барои адои хизмат ва ҷалби бештари онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аҳамияти муҳим дорад.

Декабрь 4, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад