Тоҷикистон Соли нави мелодиро бе барф истиқбол мекунад
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. То 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 13 то 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 8 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва туман пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 6 то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 17 то 22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






