Дар соли 2016 дар вилояти Суғд 711 дугоник ба дунё омаданд
ХУҶАНД, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд 6 ҳазору 253 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки аз он 3143 нафарашон писар ва 3110 нафарашон духтар мебошанд. Аз шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда 242 нафар дугоник ва 1 сегоник мебошанд. Новобаста аз он, ки соли сипаригашта шумораи умумии кӯдакони тавлидшуда нисбат ба соли 2015 90 нафар камтар аст, вале таваллуди писар дар соли гузашта бо қиёс ба солҳои пешин афзудааст.
Тавре масъулин аз маъмурияти Таваллудхонаи вилоятӣ иттилоъ доданд, ҳоло дар таваллудхонаи вилоятӣ баҳри занони хомиладору таваллудкунанда шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аз таваҷҷухи махсуси Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи солимии ҷомеа дарак медиҳад.
То 6 январ дар таваллудхонаи вилояти Суғд дар маҷмӯъ 62 таваллуд ба қайд гирифта шуда, 33 писар ва 29 духтар ба дунё омадаанд.
Умуман соли 2016 дар вилояти Суғд 65 ҳазору 584 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 711 нафар дугоник ва дар 3 ҳолат сегоник ба дунё омадаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






