Худобердӣ Холиқназар: «Либерализме, ки дар Америка ва Аврупо ҳаст, ба тафаккур ва хӯю хиради он миллат дуруст меояд» ( Дар ҳошияи мақолаи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!..»-и С.Фаттоҳзода)

Февраль 21, 2017 10:21

Худоберди ХоликназарҶавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»  /. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кори рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар, балки барои тарбияи насли наврас низ фаъолияти назаррас анҷом дода истодаанд. Мисоли  барҳақи ин гуфтаҳо Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мебошад. Аз ин хотир хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба Соли ҷавонон,  саҳми ҷавонон дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, сабабу омилҳои барангезандаи зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон,  ҳамзамон дар атрофи мақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо номи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!..», ки 10 феврал дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шуд ва перомуни  он баҳсу андешарониҳо идома доранд, бо Худобердӣ Холиқназар,  Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Саҳми  ҷавонон дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон, ки дар  ин мавзӯъ аз ҷониби Пешвои миллат чандин  китобҳо таълиф гардидаанд, чӣ гуна бояд бошад?

Х.Холиқназар: Воқеан Пешвои миллат на танҳо дар умури рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар, балки дар умури тарбияи насли наврас низ фаъолияти хеле назаррас анҷом дода истодаанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар Паёми худ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, зеро кишвари мо ҷавон аст ва синну соли миёнаи аҳолии кишвар ҳамагӣ 24 сол аст. Ҷавонон бояд дар рӯҳияе тарбия гиранд, ки садоқат ба Ватан, ватандорӣ, ватандӯстӣ, урфу одатҳои миллӣ ва анъанаҳои миллиро дар маркази диққати худ қарор диҳанд ва дар пешбурди фарҳангу тамаддуни пурғановати тоҷикон ва миллати тоҷик саҳмгузор бошанд, зеро тоҷикон дар ҷаҳон мардуми бофарҳанганд. Тамоми меҳмононе, ки аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд, мегӯянд, ки мардуми шумо бисёр мардуми боодоб,  хушхилқ, софдил ва дарвоқеъ меҳмоннавозанд. Мо ифтихор мекунем, зеро эҳтиром гузоштан ба меҳмон- ин содиқ будан ба Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллии мо мебошад. Бубинед, оинҳои миллие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, нишондиҳандаи таърихи қадимии миллати мо, адабиёти бузурги миллиямонанд, ки оламшумул буда, ҳамаи ҷаҳониён онро эътироф мекунанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки миллати мо миллати куҳанбунёд ва дорои фарҳанги бой аст, лекин ин фарҳангро дубора эҳё кардан лозим аст, барои он ки мо ҳудуди 1000 сол давлатдориро аз даст додем ва дар зери таъсири бегонагон будем. Ин хушбахтӣ аст, ки мо рисолати фарҳангҳои миллии худро фаромӯш накардем, онро нигоҳ доштем, пос доштем ва мисли Наврӯз ва дигар оинҳои миллиамон дубора зинда кардем. Бисёре аз миллатҳо дар тӯли асрҳо гум шуданд, аз байн рафтанд, зеро унсурҳои миллияшонро аз даст доданд. Лекин хушбахтона, мо ин расму оинҳои бузурги ниёгонамонро нигоҳ доштем ва имрӯз онҳоро эҳё кардем. Хушбахтии мо дар он аст, ки Пешвои  миллат ба ин масъала хеле аҳамият ва таваҷҷуҳи хоса медиҳанд ва ҳамеша таъкид мекунанд: «Ин оинҳои бузурги миллӣ, ки миллатҳои ҳавзаи Наврӯз онҳоро доро ҳастанд, барои тамоми ҷаҳон маънӣ доранд ва бисёр як фалсафаи бузурги зиндагиро барои ҷаҳониён нишон медиҳанд». Фикр мекунам, ки пос доштани ин оинҳо барои ҳар фард, махсусан ҷавонон  фарз аст.

«Ховар»: Имрӯз халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидааст. Ба андешаи Шумо ин раванд ба ҷавонон чӣ гуна таъсир расонида метавонад?

 Х. Холиқназар: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар Ислом ду мазҳаби муҳим мавҷуданд, ки ҳамеша бо ҳам муросо мекунанд. Ин мазҳаби аҳли суннат, яъне мазҳаби Имом Абӯҳанифа ва аз аҳли ташайюъ- мазҳаби исмоилия аст, ки пайравони онҳо дӯшодӯши ҳам бародарвор пеш рафта, зиндагӣ карда истодаанд. Мо дидем, ки дар солҳои 90-ум кишварҳои дигари исломӣ аз дуру наздик мехостанд мазҳабҳои бегонаро ба тоҷикон таҳмил кунанд, ва бо ҳамин мақсад онҳо ба фаъолият шурӯъ карданд. Омаданд, ки дар ин ҷо ҷараёнҳои гуногунро ба вуҷуд оваранд ва ин ҷараёнҳо боиси шурӯъ шудани даргириҳо дар кишвар ва мушкилоти асосӣ гаштанд. Хушбахтона, халқи мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ҳал намуд, зеро роҳбари ҳамаи сулҳу ваҳдат Пешвои миллат буданд. Мо дар зарфи се солу се моҳ тавонистем мушкилоти дохилии кишварро бартараф кунем. Барои ҳамин ҳам имрӯз мо эҳсос мекунем, ки баъзе кишварҳо аз тариқи мазҳабҳои бегона мехоҳанд асосан ҷавонони ноогоҳро зери таъсири худ гиранд ва онҳоро гумроҳ кунанд, ба тарафи худ кашанд,  фиреб дода, ба ҷангҳои Сурия ва дигар кишварҳо баранд. Исломи ифротӣ ва мазҳабҳои ифротӣ  боиси бадбахтии ҷавонони мо гаштаанд. Имрӯз барои мо айб аст, ки аз Тоҷикистон дар ҳудуди 1000 нафар дар Сурия- дар қаламрави кишвари ба ном «Давлати исломӣ», яъне бо мафкураи исломи ифротӣ бар зидди Ҳукумати конститутсионӣ ва қонунии он кишвар ҷанг карда истодаанд. Ин нанг аст ва ҳамаи мо, тамоми ҷомеа- зиёиён, устодон, табибон, олимон, ҳатто донишҷӯён, ҳама бояд даст ба даст дода, бар зидди ин вабои аср мубориза барем, ба ҳар як хонавода фаҳмонем, ки ин роҳ роҳи нодуруст аст. Мо танҳо як роҳ дорем, ки он ҳам дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ шуда, кишварро ба роҳи мустақим ва рушди устувор пеш барем.

 «Ховар»: Оид ба сабабу омилҳои барангезандаи зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон чӣ гуфтаниед? Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ин сабабу омилҳо чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?

 Х. Холиқназар: Сабабҳои мазкурро Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ муайян намуд, ки онҳо хеле гуногун ва зиёданд. Пеш аз ҳама, ин бекории муваққатии ҷавонон мебошад. Вақте ки бисёре аз ҷавонон аз Россия бармегарданд, ё ин ки бароварда мешаванд, онҳо то ёфтани ҷойи кор дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва дар замони муваққатан бекор буданашон бисёре аз эмиссарҳои хориҷие, ки  идеологияи бегонаро мехоҳанд таҳмил кунанд, аз онҳо истифода мекунанд. Дар вақти бекор буданашон ба онҳо пул ва имкониятҳои зиёдеро пешниҳод карда, ба тарафи худ ҷалб мекунанд ва билохира ба кишварҳои Сурияву Ироқ мефиристанд, ки ин кори хеле бад аст.  Соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бояд ҷавонони бекор ҳарчи зудтар бо ҷои кор таъмин шаванд. Барои он, ки бекорӣ бисёр таъсири амиқ дорад ва метавонад дар ҷомеа мушкилоти зиёд ба бор орад. Ин як масъалаи муҳим аст. Масъалаи  дуюм, мутаассифона, ноогоҳ будани ҷавонон аз Исломи суннатӣ, яъне аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа мебошад. Ҷавонон оид ба  мазҳаби худ иттилои кам доранд ва барои ин, вақте ки гирифтори таблиғоти миссионерҳо ва эмиссарҳои хориҷӣ мешаванд, дарк намекунанд, ки кадомаш Исломи мазҳаби Ҳанафӣ асту кадомаш мазҳаби бегона. Барои ҳамин мо бояд ҷавононро аз давраи таҳсилоти мактаби миёна, яъне бо шурӯъ кардани дарси таърихи ислом ба онҳо фаҳмонем, ки фарқиятҳои мазҳабҳои исломиро дарк кунанд ва ҳис кунанд, ки чӣ гуна мазҳабҳои бегона ва эмиссарҳои бегона мехоҳанд таблиғи ғайрро дар Тоҷикистон пеш баранд. Инчунин ин равандҳо омилҳои хеле зиёд доранд, ки яке аз онҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бисёр муҳоҷирони меҳнатии мо, тақрибан 80%-ашон дар шаҳрҳои Россия мавриди ҳуҷуми эмиссарҳои хориҷӣ қарор мегиранд, аз тарафи онҳо мағзшӯӣ мешаванд ва мавриди истифодаи эшон қарор мегиранд. Дар ин бора мо дар Маркази тадқиқоти стратегӣ як конфронс гузаронидем ва ба коршиносон ин масъаларо фаҳмонидем. Фикр мекунам, ки имрӯз коршиносони тамоми соҳаҳо,  вазорату ниҳодҳои махсус, ки бо ин масъала сару кор доранд, онро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд, то ин омилҳо аз байн бурда шаванд ва дар ҷомеаи мо  дигар барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ягон омил вуҷуд надошта бошад.

 «Ховар»: Чанде қабл дар сомонаи АМИТ «Ховар» мақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ..! Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?» нашр шуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст:  «Олами ғарб имрӯз худро муқобили ҳама гуна равишҳои идеологии миллӣ ва ҷонибдори арзишҳои либералӣ муаррифӣ намуда, аз дигар кишварҳои ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки ин арзишҳоро эътироф намоянд». Дар ин маврид нуқтаи назари шумо чӣ гуна аст?

 Х. Холиқназар: Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ғарбиҳо  тафаккури худро, ки асосан тафаккури либерализм буд ва назарашон ин буд, ки гӯё тамоми ҷомеаи ҷаҳон бояд бо роҳи онҳо пеш равад, пеш оварданд. Қабл аз ҳама, демократикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи аслии онҳо буд. Барои ҳамин онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳамин идеология пеш равад. Масалан баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳадаф ва яке аз сиёсатҳои асосии ҳам Иёлоти Муттаҳидаи Америка  ва ҳам кишварҳои аврупоӣ- ин демократикунонии ҷомеаҳои тозаистиқлол буд. Онҳо барои ин кор на танҳо дар минтақаҳои собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳатто дар кишварҳои Ховари миёна ҳам бо ҳамин мафкура ва пешниҳод фаъолиятро шурӯъ намуданд.

Мо дидем, ки ба воситаи неруи низомӣ дар баъзе кишварҳо онҳо яроқро низ истифода карданд. Пеш аз ҳама, мо инро соли 2003 дар Ироқ дидем, ки Америка вориди ин кишвар шуд ва комилан кишварро ба харобазор табдил дод. Баъд аз он таъсири Америка ба кишварҳои дигар низ гузашт. Масалан ба Либия, ки онро ҳам онҳо кишвари диктатурӣ эълон карда буданд ва барои барҳам задани ин режимҳо аз неруи низомӣ истифода карданд.

Оқибати ин кишварҳоро мо дида истодаем, ки ин кишварҳои нозанин ҳоло ба чӣ ҳол гирифтор шудаанд. Онҳо ҳам давлатдорӣ, ҳам амнияти миллӣ ва ҳам орому суботро аз даст доданд, хулоса ҳама чизро аз даст доданд ва имрӯз ба як харобазор табдил шудаанд. Ин, албатта, барои ҳамаи кишварҳо дарси ибрат бояд бошад. Ҳамаи он  унсурҳое, ки дар ҳар як миллату давлат ҳастанд, пеш аз ҳама, бояд барои бақои ҳамон давлат бо унсурҳо ва хусусиятҳои миллияш хизмат кунанд.

Барои тоҷикон ин ифтихор аст, ки билохира Пешвое пайдо карданд, ки ӯ тавонист дарди дили миллати тоҷикро аз минбарҳои баланд  ба ҷаҳониён расонад. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки либерализме, ки дар Америка ва Аврупо ҳаст, ба тафаккур ва хӯю хиради он миллат дуруст меояд. Ҷомеаи мо дар ҳоли дуруст пеш рафта истодааст ва мо кӯшиш мекунем, ки ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёде, ки дорем,  онро бо назардошти тамоми созишномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон имзо шудаанд,  пеш барем ва ҳамеша муваффақ бошем.

 

                                                                                                           Шукӯҳи ДАЛЕР

Февраль 21, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд