Имрӯз боридани барфу борон дар назар аст

Февраль 1, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 1.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Эҳтимолияти боридани барфу борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шуда, фаромадани туман дар назар аст. Барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани барф дар қисмати дуюми рӯз назар дошта шуда, фаромадани туман аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 1, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад