Шабакаи нави «Футбол» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар фазои иттилоотии кишвар боз як шабакаи нави телевизионӣ бо номи «Футбол» ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ки намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон иброз намуданд, тасмими таъсиси шабакаи «Футбол» баъди аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли ҷавонон гирифта шуд. Ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионии «Футбол» муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва кормандони телевизиони «Варзиш» ширкат доштанд.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, «Футбол» нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон буда, ба яке аз намудҳои оммавитарин ва дӯстдоштатарини варзиш — футбол бахшида мешавад ва барномаҳои худро дар формати муосири телевизионии сифаташ баланди HD пахш менамояд.
Шабакаи ҷадиди «Футбол»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳоеро, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё-лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиё мегузаранд, инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии «Футбол» бозиҳои Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, Премйер-лигаи Англия, Ла лигаи Испания, бозиҳои «-Серияи А»-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии сойири кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар шабакаи нав, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқ ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму клубҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати мамлакат футболро ҳамчун яке аз бахшҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии он, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ва беҳуда соли 2015 дар мамлакат Соли оммавияти футбол эълон нашуда буд.








Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд






