Шамсиддин Орумбекзода: «Рӯзҳои фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек барои ҳамкории зичи ҳунармандон роҳи бузург мекушоянд»

Май 10, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини аввали Вазири фарҳанги ин кишвар Минҳоҷиддин Мирзоҷонов ба муносибати оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз мулоқот ҷонибҳо бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ Шамсиддин Орумбекзода ташрифи меҳмонон ва рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки «ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар, ки решаҳои хеле қадимӣ доранд, минбаъд низ идома меёбанд».

Ба гуфтаи Орумбекзода, умумияти фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек хеле зиёд аст ва хусусияти муҳими рӯзҳои фарҳангӣ ин аст, ки  чорабинии мазкур барои ҳамкории ояндаи зичтари ҳунармандони ҳарду кишвар роҳи  бузург мекушояд ва онҳо метавонанд барномаҳои консертии муштараки ҳунармандони тоҷику ӯзбекро ба роҳ монанд».

Дар нишаст Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, Роҳбари ҳайати расмии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таърихи қадимӣ доштани решаҳои дӯстии ин ду кишвари дӯст ҳарф зада, зикр намуд, ки «новобаста аз он ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз ёфтаанд, решаҳои дӯстии ин мардумон  таърихи қадимӣ доранд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло кофист дӯстӣ ва ҳамкории ду фарзанди фарзонаи миллат- шоирони забардаст  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро мисол овард».

Ба гуфтаи Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, бо ташаббуси роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар баҳри беҳбудии муносибатҳо, аллахусус рушди робитаҳои фарҳангӣ корҳои назаррас дар ҳоли татбиқанд.

Ба иттилои Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, зимни мулоқоти хосса ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ ҳарф заданд. «Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳанӯз соли 1998 миёни ин ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ имзо шудааст.  Мо ба қароре омадем, ки бояд дар ҳама самтҳо- аз донишгоҳи илмии фарҳангу санъат шурӯъ карда, то ба театру қасрҳои фарҳанг ҳамкории зич дошта бошем. Ҳамчунин ҳунармандони мо метавонанд бо санъаткорони кишвари ҳамсоя барномаҳои муштарак дошта бошанд»,-баён дошт Вазири фарҳанг.

Бояд гуфт, ки шоми имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Меҳмонони барнома қабл аз оғози он метавонанд аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.

 

Май 10, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид
Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд