Хатсайрҳои нав ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Декабрь 16, 2019 16:03

ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва хатсайрҳои нави туристӣ зимни як ҳамоиш бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони бахшҳои марбута дар маҳал баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода дар оғози ҳамоиш иброз дошт, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва пешниҳоди маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ маводи нави таблиғотӣ, аз ҷумла “Даҳ ганҷинаи Тоҷикистон” бо се забон, варианти электронии “Даҳ сабаби сафар ба Тоҷикистон” бо ду забон, наворҳои видеоии нав, аз ҷумла оид ба имкониятҳои сайёҳии якчанд шаҳру ноҳияҳо, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, гиёҳҳои шифобахш, хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг, корномаи Восеъ, ҳафт хатсайри сайёҳӣ ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, шаҳрҳои Нораку Роғун, водии Рашт дар маҷмуъ зиёда аз 40 хатсайрҳои нави сайёҳӣ омода ва роҳандозӣ карда шуданд.

«Рўйхати васеи маҳсулоти сайёҳиро тартиб додан мумкин аст, аммо барои мусоидат ба пешбурди интихоби истеъмолӣ дар қадами аввал муайян намудани якчанд категорияҳои нисбатан содаи маҳсулоти сайёҳӣ беҳтар аст. Дар навбати аввал, ин категорияҳо бояд он маҳсулоти сайёҳиро, ки дар мамлакат бештар рушд ёфтаанд ва маблағгузориҳои нав ва зиёд талаб намекунанд, фаро гиранд. Ҳар як категория хусусиятҳои ба худ хос ва инкишоф дорад. Ҷолибнокии ин маҳсулоти сайёҳӣ метавонад тавассути мукаммалгардонии он ва пешниҳоди он ба миқдори зиёди муштариён баланд бардошта шавад», — тазаккур дод Н. Абдуғаффорзода.

Аслан сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ташаккул дода шавад.

Меҳмоннавозии мардуми мо аллакай афзалияти мамлакат аст. Вале айни замон дарки аҳамият ва фоидаи рушди сайёҳӣ дар доираи бахши хусусӣ на он қадар назаррас аст. Чун Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд,  дар пайравӣ бо ташаббусҳои ҳукумати мамлакат ҳар яки моро зарур аст, ки аҳолиро дар рўҳияи дарки аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ, таъсири он ба пешрафти мамлакат ва нақши ҳар як шахс дар рушди соҳа тарбия намоем.

Ҳамчунин доир ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ роҳбарони як зумра ширкатҳои сайёҳӣ ибрози андеша намуданд ва миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Декабрь 16, 2019 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
Соҳили Сирдарё ба мавзеи истироҳатӣ табдил дода мешавад
Имрӯз нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис ифтитоҳ гардид
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид