Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд

Декабрь 12, 2019 19:03

ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми  сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд.

Айни замон дар марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар», ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, 250 нафар бо истифодаи беш аз 120 техникаву механизми роҳсозӣ дар 35  қитъа корҳоро бо сатҳу сифати баланд иҷро мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 92 дарсадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар»  аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида шуда, паҳноии роҳ аз 16 ба 25 метр баробар карда мешавад.

Тибқи нақша зимни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

 Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» дар маҷмуъ 360 нафар бо  102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.

«Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои сифатан беҳтар намудани роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ  аз соли  2011 Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 амалӣ мегардад, ки тибқи он  дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёду таҷдиди роҳҳо  ва дигар иншооти соҳа идома дорад.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ободу зебо гардонидани атрофи шоҳроҳи мазкурро оғоз намуда, ҳамзамон бо вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмону навсозӣ иншооти мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгў ба талаботи замон ба истифода супоранд.

Декабрь 12, 2019 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад