Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд

Май 21, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 21.05.2020. /АМИТ Ховар/. Мақсади мулоқоти дирӯзаи Пешвои миллат бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ-ин баррасии воқеии вазъи ҷорист, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд. Инчунин дарёфти  роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.

Ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои коронавирус  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баён дошт. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли равон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ироа гардиданд, ҷалб намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории КОВИД-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили фавти шаҳрвандон аз бемориҳои гуногун, таъмини табибон бо маводи муҳофизатӣ, муносибати кормандони марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводи тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводи доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштанд, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Май 21, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»