ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ДУ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ТАШКИЛ КАРДА ШУД
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ — минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил карда шуд. Дар ин бора дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул карда шуд.