САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Латвия Валдис Затлерс пагоҳ барои боздиди расмии ҷавобии давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ў аз ҷумлаи сарони давлатҳои мамлакатҳои соҳили Балтика аввалин шахсест, ки ба Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти