РЕКТОРИ НАВИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КЎЛОБ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрўз, 7 октябри соли 2010 бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Қодиров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб озод ва Нуралӣ Салихов ба ин вазифа таъин гардид.