Ҳар касе бихоҳад кореро анҷом диҳад, роҳашро пайдо мекунад ва агар нахоҳад, баҳонаашро
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ин сухани дақиқ баёнгари як ҳақиқати воқеии ҳаётӣ буда, сабаби аслии расидан ё нарасидани инсонро ба мақсади дар пеш гузоштааш, пеш аз ҳама, ба майлу хоҳиш ва иродаву қобилияти шахсии худи ў вобаста мекунад. Дар ҳақиқат, афроде ки майлу хоҳиш, истеъдоду қобилият ва иродаи матини кор кардан ва хизмат намудан барои беҳбудии ҳаёти ҷомеа доранд, новобаста аз низоми сиёсӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамеша роҳи корро меёбанд. Ин гуна инсонҳо ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна шароит дар пеши мушкилот сар намефуроранд, балки мушкилотро мардонавор паси сар карда, то охирин рамақи ҷон барои расидан ба мақсад мубориза мебаранд. Ҷомеаи инсониро маҳз ҳамин гуна шахсиятҳои камшумор пеш мебаранд.
Марҳум Суҳроб Шарипов, яке аз аввалин мутахассисони сиёсатшиноси Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсиятҳои нодиру нотакрор буд. Солҳое, ки Суҳроб Шарипов ба ҳайси директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун ба фазои сулҳу осоиштагӣ даст ёфта буд. Албатта, дар кишвари нав аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоёфта проблемаҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки онҳоро на якбора, балки давра ба давра ҳаллу фасл кардан мумкин буд. Дар он солҳо ҳар як шахси ватандўст ва боору номус, алалхусус кормандони соҳаи илму маорифро лозим буд, ки новобаста аз шароити маҳдуди молиявию иқтисодӣ, новобаста аз камии музди меҳнат, ба хотири ободии Ватан ва ояндаи дурахшони миллати соҳибистиқлол фидокорона меҳнат кунанд. Илова бар ин, дар давраи мазкур абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои пешбурди сиёсати худ ва ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мутахассисони олиро новобаста аз дину мазҳаб, миллат ва нажод аз ҳар гӯшаи дунё ҷамъ оварда, барои онҳо тамоми шароити зиндагиро фароҳам меоварданд. Сабаби аз тарафи кишварҳои абарқудрат ҷалб шудани олимону мутахассисони кишварҳои пасошўравӣ дар он буд, ки чунин олимону мутахассисон минбаъд барои татбиқи ҳадафҳои геополитикии онҳо истифода мешуданд ва барояшон фоидае меоварданд, ки аз масрафи нигоҳдории ин олимону мутахасссисон миллионҳо маротиба зиёдтар буд. Ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки теъдоди зиёди олимону коршиносони тоҷик барои беҳдошти зиндагӣ кишварҳои худро тарк кунанд. Вале Суҳроб Шарипов, новобаста аз ҳамаи мушкилот ва омилҳои зикршуда, ҳамчун фарзанди содиқ дар Ватан монд ва тамоми донишу тавоноии худро барои равнақу пешрафти Ватан сарф кард. Суҳроб Шарипов аз ҷумлаи олимони масъулиятшиносе буд, ки дар ҳамон гуна шароити вазнин нисбат ба ояндаи дурахшони давлатдории тоҷикон эътимод ва боварии комил дошт ва ҳамин боварию эътиқод буд, ки ўро барои содиқона хизмат кардан ба халқу Ватан таҳрик ва ҳидоят менамуд.
Барои аксарияти мутахассисони ҷавон шахсияти фарҳангӣ ва чеҳраи илмии Суҳроб то ҳанўз ношинохта мондааст, зеро андешаҳои ў дар масъалаҳои сиёсӣ аз фаҳмиши дигарон хеле пешрафта ва пурпечутоб буд. Директори Маркази Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсат дар назди фонди Президенти Қазоқистон Ҳайдар Амрбаев зимни як суҳбат дар бораи Суҳроб Шарипов, ки дўсти ҳамсабақаш будааст, чунин изҳори андеша намудааст: «Мо бо Суҳроб панҷ сол дар давраи донишҷӯӣ дар як ҷо зиндагӣ мекардем. Донишу заковати ў аҷоиб буд. Бе муболиға ман гуфта метавонам, ки Суҳроб дар курси сеюм аллакай як коршиноси сиёсии мустақил буд. Ҳатто дар баъзе мавридҳо бо устодон баҳсу мунозира мекард, ки ин аз ғайрату дониши ӯ дарак медод, зеро роҳбарияти донишгоҳ метавонистанд барои чунин амал ўро аз донишгоҳ хориҷ кунанд. Албатта, барои устодони мо ташаккули мустақилонаи мутахассисони миллӣ он қадар маъқул набуд. Онҳо ҳанўз ҳам бо анешаи он буданд, ки бояд фақат онҳо гап зананд ва шаҳрвандони ҷумҳуриҳои пасошўравӣ онҳоро гӯш кунанд. Вале Суҳроб, баръакс ҳамчун як олим мавқеи худро мустаҳкамтар кард. Дар фаъолияти корӣ низ ҳамин хусусиятҳои Суҳроб дигар нашуданд. Ман доим аз ВАО сўҳбатҳои ўро дар масъалаҳои гуногун мехондам. Хеле боғайратона ва олимона буданд».
Фаъолияти касбии Суҳроб ҳамчун як сиёсатшинос фарохтар аз доираи як корманди давлатӣ буд. Ў ҳамеша ҳамчун як олими касбӣ дар бораи ин ё он масъала суҳбат мекард. Албатта, на барои ҳама чунин суҳбатҳо ва эродгирӣ мавриди писанд буданд, вале барои ў манфиати давлату миллат аз ҳама боло буд. Ба андешаи аксарияти рўзноманигорони дохилию хориҷӣ Суҳроб Шарипов яке аз он олимоне буд, ки проблемаҳои сиёсию иқтисодии Осиёи Марказиро хеле хуб омўхта буд ва дар ҳалли онҳо метавонист саҳми худро гузорад.
Ман шахсан бо Суҳроб Шарипов шинос будам ва муносибати дўстона доштем. Албатта, доир ба дониши сиёсии ў ягон кас баҳс намекард. Вале ман аз дониши баланди сиёсии ў ҳангоми сафари корӣ ба Олмон қоил шудам. Чун мавзўи корӣ масъалаи муносибати давлати дунявӣ ба дин дар таҷрибаи Тоҷикистон ва Олмон буд. Ҳангоми суҳбат дар Парлумони Олмон ва ё дар вохўриҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсии он кишвар вай бо иродаи қавӣ ва боварӣ ҳарф мезад. Ҳамаи ин аломатҳо аз баланд будани савияи дониши сиёсию фалсафии ў гувоҳӣ медод. Шояд аз рўи вазифаи корӣ ашхоси зиёд ба кишварҳои гуногун сафар кунанд, вале ҳифз намудани манфиат ва обрўи давлат ва миллат кори осон нест ва ҳар кас ҳам аз уҳдаи чунин кор баромадан наметавонад. Хусасан дар кишварҳои ғарбӣ низоми сиёсии кишварҳои пасошўравиро сахт танқид мекарданд. Аммо Суҳроб Шарипов бо далелҳои қатъӣ ҷавоб медод ва баръакс дар баъзе мавридҳо заъфии низоми қонунгузории ин кишварҳоро мавриди танқид қарор медод. Вале берун аз вақтҳои корӣ як одами оддӣ буд, ки бо ў дар кӯчаҳои шаҳр соатҳо сўҳбат карда мегаштем. Воқеан дар масъалаҳои сиёсӣ Суҳроб мутахассиси касбӣ буд.
Масъалаҳое, ки Суҳроб Шарипов дар он солҳо баҳс мекард, аллакай имрўз мушкилоти минтақа шуда истодаанд, ки масъалаҳои меҳварии онҳоро айнан баён мекунам:
— таъсиси ягон ташкилоти минтақавии фарогири масъалаҳои кишварҳои он;
— Тағйири фаъолияти ташкилоти ИДМ аз назария ба амалия;
— эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳангу мероси халқу миллатҳои минтақа;
— истифодаи захираҳои обӣ дар минтақа.
Шояд Суҳроб дар умқи дилаш эҳсос мекард ва мефаҳмид, ки марг дар камини ҳаёт аст, бинобар ин ў кўшиш намуд, проблемаҳоеро, ки кишварҳои минтақа дар 10-20 соли оянда бо онҳо рў ба рў мешаванд, ҳар чӣ пештар дар корҳои илмии худ баён карда, роҳи ҳалли онҳоро дар шакли назария кор кор карда барояд. Мутаассифона, марги нобаҳангом имконият надод, ки ин олими фидокор корҳои оғознамудаашро анҷом диҳад. Пас аз марги нобаҳангоми Суҳроб Шарипов бисёр пешбиниҳои илмии ў дар бораи вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, ки на ҳар кас қобилияти ташхису хулосабарории воқеии онро дошта метавонад, тасдик шуда истодаанд.
Имрӯз агар ӯ зинда мебуд, ба синни 53 медаромад.
Ёди ин марди фозил ба хайр бод!
Маҳрами Анварзод