Ҳайати КФ «Локомотив» дар бозӣ бо «Истиқлол» муайян шуд
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Локомотив»-и Маскав барои бозии дӯстона бо чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки рӯзи 26 июн дар соати 21 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мегузарад, ҳайати худро муайян кард. Ба ҳамин тартиб ба Душанбе Игор Черевченко бозингарони зеринро бо худ меорад. Дарвозабонҳо: Иля Абаев, Антон Коченков;
Муҳофизатгарон: Ренат Янбаев, Тарас Михалик (Украина), Виталий Денисов (Ӯзбекистон), Неманя Пейчинович (Сербия), Арсений Логашов, Ҷамшед Раҳмонов;
Нимҳимоятгарон: Александр Коломейтсев, Алексей Миранчук, Иван Лапшов, Дмитрий Тарасов, Дмитрий Баринов, Дмитрий Махатадзе, Иван Галанин, Владислав Игнатев, Алан Касаев;
Ҳамлагарон: Михаил Лисов, Александр Серахов, Петар Шкулетич (Сербия), Эзекиэл Хенти (Нигерия).
Роҳбарияти дастаи «Истиқлол» барои хотирмон гузаштани ин бозии дӯстона барои мухлисони футбол консерти ситораҳои санъат ва бозии лотереяро низ таъсис додаанд, ки дар он мошини «Лада-Приора» ва телефонҳои мобилии замонавӣ ба бозӣ гузошта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки аз ин пештар «Истиқлол»-и Душанбе чунин бозиҳои дӯстонаро бо клубҳои «Шалке-04», «Хассен-Кассел»-и Олмон ва «Газовик»-и Русия баргузор карда буд.








Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд






