Дар арафаи Рӯзи Ваҳдат бояд қалбҳоро аз кибру нотавонбинӣ ва рашку ҳасад пок намоем!

Июнь 24, 2016 11:40

(Посухи олимони ҳуқуқшинос ба сарвари ҲСДТ)

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ, интиҳои асри 20 миллати ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 волотарин неъмат – Истиқлолияти давлатиро ба даст оварда, дар масири таърих имкони муносиб пайдо намуд, ки бо дастони худ ба бунёди давлатдории миллӣ шурӯъ намояд. Вале, мутаассифона, мо натавонистем, ки дар солҳои аввали касби соҳибихтиёрии давлатӣ дастоварду музаффариятҳои истиқлолияти давлатиро  ҳифз намоем. Бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди  алоҳида ва дахолати бевоситаи аҷнабиён Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар замоне, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ месӯхту мардуми шарифи тоҷикро ҳолати яъсу навмедӣ фаро гирифта ва  умед ба фардои зиндагӣ намонда буд, халқи тоҷик бо такя бар хиради азалии хеш фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам ҳамчун бозёфти нодир ба хотири наҷот ва  эҳёи давлату миллат интихоб намуд.  Ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон  камари ҳиммат баст.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки  дар ҳар як марҳилаи ҳассоси   таърихии рушду инкишофи давлату миллатҳои алоҳида шахсиятҳо ва фарзонафарзандони бонангу номуси онҳо сабабгори наҷоти давлату миллат, боло бурдани нуфузу эътибор, муаррифии миллатҳои хеш ба ҷаҳониён ва ҷовидона гардонидани он дар масири таърих мегарданд. Дарвоқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош ва хизматҳои арзандаву шоистаи Пешвои миллат,  Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон тасаввур  кардан имконнопазир аст. Дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва хизматҳои арзандаи  шабонарӯзии  Сарвари давлат хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд ва номи тоҷик дубора дар арсаи таърих ҷовидона гардонида шуд. Дар заминаи роҳандозӣ намудани сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсаднок бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Ҷаноби Олӣ заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуда, давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои муваффақ шинохта шудааст.  Миллати тоҷик дар симои  Ҷаноби Олӣ- шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва  сарвари ҳақиқии хешро пайдо намуд. Ҳар чизеро ки ба мардуми шарифи тоҷик ваъда кард, фарохтар аз он вафо ва амалӣ намуд. Таъмини сулҳи пойдор, ваҳдати миллӣ, суботу ҳамдигарфаҳмӣ, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати  тоҷик, таъмини шароити арзандаи зиндагонии мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон ва бепарасторону бенавоён, рушди бемайлони бахши иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар, эҳёи заминаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ, боло бурдани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз арзишмандтарин ва волотарин хизматҳоеанд, ки то кунун  Сарвари давлати тоҷикон ба нафъи пешрафт ва ободонии Тоҷикистони азиз  анҷом додааст. Бо шарофати хизматҳои содиқона ва ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландонаи ӯ ҳадафҳои муҳиму стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бомаром иҷро шуда,  дурнамои инкишофу пешрафти  давлати Тоҷикистон нек тарҳрезӣ шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умед ва бовару эътимод  ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз фурӯзон шудааст.   Таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз беназиртарин  хизматҳои бузурги тақдирсозеанд,  ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд. Ҷойи ифтихор аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён мактаби бузурги сулҳоварӣ, давлату миллатсозиро асос гузоштаанд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги ба дастовардаи миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат  дар ин самт садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои мутамаддини олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Вале, мутаассифона, тавре ки натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, на ҳамеша доираи ашхос ва ё гурӯҳу созмонҳои алоҳида ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  як кишвари соҳибихтиёру мустақил таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбин ҳастанд. Маҳз тангназарию нотавонбинӣ ва рашку ҳасади зиёд аз  сиёсати бобарори пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афроди алоҳидаро маҷбур месозад, ки қалам ба даст гирифта, барои  гумроҳ сохтани мардум матлаби беасос, бепоя ва дур аз мантиқу воқеияти ҳукуқиро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва сомонаҳои иҷтимоии интернет нашр намоянд.  Дар робита ба ин масъала дар як қатор сомонаҳои шабакаи ҷаҳонии интернет муроҷиати раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматиллоҳ Зоиров ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, ки мавсуф аслан аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори норозигӣ ва нигаронӣ кардааст.

Масалан, ӯ менависад, ки Тоҷикистон  шадидан ба коҳиш додани танишҳои геополитикӣ ва дохилӣ ниёз дошта, дар арсаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳолати дарҳамбарҳамӣ қарор дорад.

Мехоҳем ба муҳтарам раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматиллоҳ Зоиров ёдрас намоем, ки андешарониҳо ва масъалагузориҳои ӯ дар чунин шакл ва мазмун комилан ғалат ва беасос буда, воқеияти имрӯзи давлатдории Тоҷикистонро ифода намекунад. Мавриди зикр аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ба назари эътибор гирифтани вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, авзои ноороми сайёра, шиддат ёфтани бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар зери таъсири  равандҳои ҷаҳонишавӣ роҳандозӣ шуда, пеш аз ҳама, ба хотири  ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастоварду музаффариятҳои  истиқлолияти давлатӣ нигаронида шудааст. Дарвоқеъ, вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки то ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар фарде ки дар қаламрави ин сарзамин умр ба сар мебарад, бо дарки масъулияти баланди инсониву шаҳрвандӣ ва имону виҷдон дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ, дахлнопазирии тамомияти арзӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддас донистан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия карда шаванд. Яке аз дастовардҳои бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ- ин қабули Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ бо тарафдории аксарият  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.  Қабули Қонуни асосии кишвар боис гардид, ки дурнамои инкишофу пешрафти Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  муайян карда шавад.  Ҳамзамон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии қабули қонунҳои нави ҷавобгӯй ба талаботи замон ва таҷдиду навсозии мақомоти давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ ба миён омаданд.  Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба назари эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст. Маҳз ба хотири таъмини рушди бемайлони давлатдории миллӣ, мувофиқ кунонидани қонунгузории миллӣ ба ченаку стандартҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонӣ барои ҳар як фард, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии давлат, таъмини амнияти давлат ва мудофиаи мамлакат солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ахиран лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли равон дар раъйпурсиии умумихалқӣ бо гирифтани беш аз 94 фоизи овози раъйдиҳандагон дастгирӣ ёфт. Натиҷаи баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии он шаҳодати равшан аст, ки миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқан пуштибонӣ намуда, ба он содиқанд. Бинобар ҳамин, бо сарбаландӣ бояд афзуд, ки дар Тоҷикистон як низоми хоси идоракуние созмон дода шудааст, ки бар асоси пояҳои рукнҳои демократия, унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътироф ва   риояи бечунучарои стандартҳои байналмилалӣ устувор аст. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор падидаҳо, аз қабили соҳибихтиёрӣ ва пурраҳокимиятии халқ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, усули таҷзияи ҳокимият, эътирофи моликияти хусусӣ, кафолати озоди фаъолияти иқтисодӣ, арзиши олӣ эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ғайра мустаҳкам шудаанд, ки ифодагари режими демократӣ будани давлати Тоҷикистон аст.

Баъзе аз эродҳои Раҳматилло Зоиров ба ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омада, номбурда зикр кардааст, ки бо назардошти мавҷуд набудани тарафи дигар таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мақсад мувофиқ нест. Ҳарчанд ӯ муътақид аст, ки Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастовардест, ки миллати тоҷик дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба даст овардааст.

Дарвоқеъ, рӯзи Ваҳдати миллӣ аз арзишмандтарин ва нодиртарин рӯйдодҳои фараҳбахши даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистони муосир ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон бояд бо ҳарфҳои заррин қайд карда шавад. Дар умум  ваҳдати миллӣ- ин беҳтарин дастоварди умумии миллати тоҷик аст. Маҳз бо шарофати дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои дохилӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта шуд. Ба хотири таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон  ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф зери Парчами ягонаи Тоҷикистон муттаҳид шуданд ва ба Ваҳдати миллӣ асос гузоштанд. Ваҳдати миллӣ ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Месазад, ки ин иди миллӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду якдилии мардум  ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони азиз чунин ҳам ҳаст. Имсол бо ибтикори роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷашни Ваҳдат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Вобаста ба ин як силсила чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангию фароғатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардиданд. Аз ҷумла, бояд ёдрас шуд, ки ҳамчун нишони эҳтиром ба Ваҳдати миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва ба ҳам наздикшавии мардуми минтақаҳои мухталифи кишвар дар вилоят аз 27 то 30 апрели соли равон рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд, аз 25 май то 1-уми июн рӯзҳои фарҳангии вилояти Хатлон  ва инчунин корвони меҳри модар  доир гашт.  Инчунин бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ фестивали дӯстии ҷавонон зери шиори «Ваҳдати ҷавонон – ояндаи шукуфоии Тоҷикистон» баргузор шуда,  гурӯҳҳои корӣ таҳти сарварии муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон  Қосим Роҳбар ташриф оварда, аз наздик бо сокинони вилоят суҳбату вохӯриҳо  гузарониданд.  Дар доираи баргузории ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ ба таври васеъ аз тарафи аҳли заҳмати вилоят, ҷавонону, зиёиён, соҳибкорону собиқадорон  ва дигар қишрҳои мухталифи ҷомеа  корҳои созандагию ободкорӣ босуръат  идома доранд. Ҳамчун рамзи иттиҳоду бародарӣ дар рӯзҳои ҷашнӣ намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар бо ҳам мепайванданд, ки ин бори дигар аз тантанаи ваҳдати сартосарӣ дар кишвар дарак медиҳад. Ҳамзамон пешбинӣ шудааст, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода супоридани  як қатор объектҳои ҷашнӣ иштирок намуда, ба бунёди як қатор объектҳои муҳими хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатидошта расман ҳусни оғоз бахшад.

Аз ин рӯ, ҳар касе ки ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасад, ҳақ дорад, ки шоҳид ва иштирокчии таҷлили ин санаи муҳими тақдирсоз бошад. Аз ин рӯ, чунин тарзи масъалагузорӣ дар хусуси он ки як тарафи таҷлили ин иди бошукӯҳ ҷой надорад, мантиқан ғалат аст. Ба назар чунин мерасад, ки дар зери мафҳуми  «тарафи дигар», пеш аз ҳама, намояндагони ҲНИТ фаҳмида мешаванд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки дар ҳар давру замон давлат барои таъмини тартибот ва низоми идоракунӣ дар кишвар тадбирҳои муассир андешида, барои шахсони қонуншикан ҷавобгарии ҳуқуқиро муайян менамояд. Бо баробари ба даст овардани оштии миллӣ мафҳуми «тарафҳо» аз байн рафта, ҳамагон дар самти хизмати содиқона ба халқу пешрафти ин сарзамини таърихӣ аҳди бародарӣ баста буданд. Вале мутаассифона, ёфт шуданд афроде, ки ба хотири манфиатҳои ғаразноки шахсии худ ба аҳдшиканӣ даст зада, волотарин неъмат — манфиатҳои олии Ватан, сулҳ, ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа, бехатарии давлатро пушти по зада,  даст ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд. Хиёнат ба Ватан, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, суиистифода аз мансаб, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар амалҳои ифротӣ аз он ҷиноятҳое буданд, ки аксаран аз ҷониби «шахсиятҳои маъруфи тарафҳо» содир шуда буданд. Дар робита ба ин масъала,  пешниҳодҳои дигари муаллиф он аст, ки ба хотири ба вуҷуд  овардани «тарафи дигар» шахсони ҷинояткор Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов ва раҳбарону фаъолони ҲНИТ бинобар сабаби  «даст назадан ба ҷинояти хушунатомез» аз маҳбас озод карда шаванд. Ин пешниҳод низ беасос буда, ба Ваҳдати миллӣ мухолифат дорад. Пешниҳоди муаллиф як усули исботшудаи «инқилобҳои ранга» ё худ «баҳори арабӣ»-ро мемонанд, ки дар натиҷаи онҳо ҳазорон маҳбусони хавфнок бо иллати бекор кардани ҳукми қонунии судҳо ба майдону кӯчаҳо сар зада, ба табаддулоти давлатӣ даст мезананд.

Ёдовар бояд шуд, ки шахсони номбаршуда бо ҷурми даст доштан ба як катор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муттаҳам дониста шуда, ахиран бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Гуноҳи онҳо ба далелҳои боэътимоду раднопазир аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакии кишвар дайн шуда, суд дар мурофиаи судӣ бо риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар нисбат ба онҳо бо назардошти кирдори содирнамудаашон ҷазоҳои ҷиноятии мушаххас таъйин намудааст. Аслан онҳо ҳамон афроди ҷиноятпешаеанд, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ хиёнат кардаанд. Амалу кирдори хиёнаткорон нобахшиданист.

Муаллиф дар яке аз бандҳои муроҷиати худ чунин андеша дорад, ки дар Тоҷикистон иқтисодиёт вуҷуд надорад.

Чунин нигориши масъала беасосу бемоя ва  дур аз воқеият аст. Иқтисодиёти миллии мо ҳамчун низоми мукаммали ташкил ва ба амал овардани истеҳсолот, иҷрои кор, фурӯш ва хизматрасонӣ арзи ҳастӣ дорад ва ояндаи неке онро интизор аст. Агар Раҳматилло Зоиров, олими ҳуқуқшинос то кунун дар хусуси вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар иттилоъ надошта бошад, пас ба ӯ тавсия медиҳем ки барои пайдо намудани маълумот оид ба вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар  ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 20 январи соли равон таваҷҷуҳ намояд. Дар Паём муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид зикр намудаанд, ки: «…Дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи семент бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин,  сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд. Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани  истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан  густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши  маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам  аз 20 номгӯйи нави молҳои  ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст… Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд… Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад…То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 (300 мегаватт) ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад. Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад…

Ба ҳамин монанд садҳо рақам ва маълумоти расмии омориро метавон нишон дод, ки бозгӯкунандаи  рушди бамайлони иктисодиёти миллии кишвар аст.

Ҷойи дигар муаллиф ба тоталитарӣ будани  низоми ҳокимият дар Тоҷикистон, ҳамзамон  маҳдуд кардани баъзе аз салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ишора карда, чунин меҳисобад, ки ҳокимият танҳо дар симои Президент таҷассум меёбад.

Ҷойи таъкиду гуфтанист, ки низоми ҳокимият бо назардошти сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқи Тоҷикистон ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гунонуни сиёсӣ ва мафкуравӣ асос ёфта аз рӯйи усули таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар робита ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии хеш дар ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2014 таъкид намуда буданд, ки: «… Имрӯз аз 516 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рӯзномаву маҷалла ғайридавлатӣ, аз 68 шабакаҳои радио ва телевизион 49 шабака хусусӣ ва аз 11 агентии иттилоотӣ 10 агентӣ ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет қариб ба 4 миллион нафар мерасад.Соли 2000-ум аз 300 номгӯй рӯзномаву маҷалла 200 номгӯй ва ҳамагӣ 14 телевизиону 2 радио ғайридавлатӣ буданд. Ин рақамҳо нишонаи равшану возеҳи озодии сухан ва воситаҳои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст».

Мувофиқи моддаи 64-и Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири амалисозии ин ҳадафҳои нек ва олӣдар моддаи 69 салоҳияти Президент муқаррар карда шудааст. Ҳаққи доштани чунин салоҳиятро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон муайян кардаанд. Ин масъала тавассути иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 6 ноябри соли 1994 ҳалли худро пайдо намуда буд.

Дар идомаи таклифҳои Р.Зоиров  дар мавриди ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки мувофиқи  моддаи 11-и Конститутсия —  Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Бинобар ҳамин дар мавриди созгор омадани заминаҳои ҳукуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ бо назардошти манфиатҳои олии халқ Тоҷикистон метавонад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст шавад.

 

Муҳтарам Раҳматилло Зоиров,

Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун кишвари соҳибихтиёру мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявию иҷтимоӣ дар давоми 25-соли истиқлолият ба дастовардҳои беназире дар самти шинохт ва эътирофи арзишҳои демократӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонии ҳар фарди кишвар муваффақ гаштааст. Гузашта аз ин, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як ҷойгоҳи махсусро касб намуда, аксарияти ташаббусҳои кишвари мо, хосатан дар соҳаи оби тоза аз ҷониби созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ пазироӣ шудаанд. Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба як макони  бузурги баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Хосатан ҷонфидоиву ҷасорат ва заҳмату матонати шасияти барҷастаи таърихӣ, роҳбари оқилу доно, шахси дурандешу тавоно, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ назир надорад. Мо – халқи Тоҷикистон  ҷонибдори сиёсати созандаву бунёдкоронаи фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамеша ба ӯ содиқ мемонем.

Чун дар арафаи таҷлили ҷашни навбатии Иди ваҳдати миллӣ қарор дорем, месазад, ки қалбҳоро аз кибру нотавонбинӣ ва рашку ҳасад пок намуда, бо назардошти мураккаб боқӣ мондани авзои  сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат амиқан пуштибонӣ намуда, ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини дурнамои дурахшони пешравии Ватани маҳбубамон бо дарки баланди садоқату вафодорӣ, меҳанпарастиву хештаншиносӣ муносибат намоем.

Ғафуров А.Д. –доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Ғаюров Ш.К. — доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор;

Кабутзода Э.Д. – номзади илмҳои ҳукук, дотсент;

Маҳмудов И.Т. –номзади илмҳои ҳукуқ, дотсент;

Раҳмон Д.С. —  номзади илмҳои ҳукуқ, дотсент;

Раҷабов М.Н. – номзади илмҳои ҳукуқ, дотсент;

Сангинов Д.Ш. –номзади илмҳои ҳукуқ, дотсент;

Июнь 24, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад