Фарҳанг ва истиқлолият

Июнь 27, 2016 11:36

Воҷиботи  аввали миллат худро шинохтан ва истиқлолияту давлатдории хешро қадр кардан аст. Ва  миллате, ки аз мактаби худшиносиву ҳувияти миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сабақҳои талху ширини истиқлолият баҳра набурда бошад, мисли киштиест, ки дар уқёнуси бузург самтнамояш   саҳеҳ кор намекунад.  

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ«Ховар» /. Боиси ифтихор аст, ки  мо насли хушбахт маҳсуб шуда,  дар ду аср умр ба сар бурда, ҳамроҳ  бо насли даврони истиқлолият  ба бисёр дастовардҳо ноил гардида, шоҳиди он мегардем, ки  асри XXI асри кору пайкори фикрӣ, асри созандагию  бунёдкориҳост. Мо ба ин аср бо  кўлбори ақлу хирад, фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои наву илму маърифат гом ниҳодем. Ҳадафи аслии мо мисли ниёгони бофарҳанги хеш созандагӣ маҳсуб мешавад. Ба асри XXI-   бо Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шиори мост.

Марҳилаи тақдирсоз дар ҳаёти миллати тоҷик- ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аст, ки рўзи  таърихию фаромўшнашавандаи  9-уми сентябри соли  1991-ро дар бар мегирад. Дар ин давра, яъне дар зарфи чоряк асри мо таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо як идда созандагию бунёдкориҳо даст задем, ки ҳамаи он  хотирмону ҷовидонист. Се ҳадафи асосии пешгирифтаи сарвари кишвар: раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад, ки имрўзҳо марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодаанд.

Феълан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати  моро зиёда аз 150 кишвари олам расман эътироф кардаанд.  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо кишварҳои бешумор  аҳдномаҳои дўстӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баста, инчунин дар  аксар мамлакатҳои дунё намояндагиҳои дипломатии худро кушода, ҳамзамон аъзои созмонҳои зиёди байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол  имрўз аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо , Созмони ЭСКАТО , Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ва ҳоказо мебошад. Ҳамзамон дар кишварамон намояндагиҳои  Бонки рушди Осиё, Фонди байналмилалии  асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Оғохон, Бунёди мадад-Фонди Сорос гувоҳи онанд, ки  роҳи  пешгирифтаи  ислоҳоти иқтисодии миллиамон ва дастовардҳои иқтисодию фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба  дастгирӣ меёбад.  Аз ин лиҳоз аксар кишварҳои  мутараққии олам ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии моро пурра дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд. Сиёсати дарҳои кушод низ яке аз ҳадафҳои роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Гарчанде, ки ибтидои истиқлолият ба ҷанги таҳмилӣ рост омад, вале мардуми фарҳангпарвару сулҳпарвар ва бонангу номуси мо тавонист, ки ҳамаи душвориҳоро паси сар карда,  даст ба бунёдкорию созандагӣ занад. Ба гузашта салавот гўён аз пайи ободии мулки аҷдодӣ ва кулбаи бобоӣ шуданд.

Ҳамагон аз як гиребон сар бароварда, дар паҳлўи роҳбари оқилу одили хеш муттаҳид гардиданд. Воқеан ҳар  гоҳе, ки ба гузаштаи начандон дур назар меафканем, пеши чашм симои марди хираду сиёсат, роҳбари Худодод ва нотакрор, абармарди дурандеш ва ғамхору дилсўз Эмомалӣ Раҳмон  падид меояд, ки  пайваста бо талошу бедорхобиҳояш ба ин гуна дастовардҳою комёбиҳои муваффақонаи худ шуҳраи  офоқ гардидааст. Ҳамаи ин аз баракати сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмию  муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ  маншаъ мегирад.

Лозим ба тазаккур аст, ки пас аз истиқлоли сулҳу Ваҳдати миллӣ 27-уми июни соли 1997 ҳамагон ба сарвар ва  поягузори ин ваҳдати  сартосарӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ мекунанд, ки  мардумро ба сарҷамъӣ ва дўстию бародарӣ  ҳидоят намуд.

Ба ин марди Худо, аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш, ба ҳар як хона бояд кард.
Ҳама умр  эътирофи хизматаш, мардона бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта,зиндагӣ аҳлона бояд кард.
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.

Агар мо ба дастовардҳои фарҳангии кишвар ва ҷашнҳои дар давоми солҳои истиқлолият  таҳти сарварии Президенти муҳтараму арҷмандамон Эмомалӣ Раҳмон доиргардида  назар афканем, басо зиёданд. Бар замми ин бо назардошти нақши калидӣ доштани соҳаи маорифи миллӣ эълон доштани соли 2010- Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии Китобхонаи миллӣ (соли 2012) дар арафаи Наврўзи оламафрўз туҳфаи беназир ва гаронбаҳо ба мардуми маърифатпарвари мо маҳсуб мешавад. Ба истифодаи умум қарор додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2013), Кохи Наврўз (соли 2014) ва соли равон доир гардидани Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз дар кишвари озоду ободамон гувоҳ аз фарҳангсолории ин халқи тамаддунбунёд ва роҳбари хирадпеша доштанаш мебошад.

Албатта, тадбирандешиҳои фавқуззикр худ шаҳодат аз он медиҳанд, ки  роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушду нумўи фарҳанги миллӣ ва эҳёву бунёд намудани як идда иншооти бузурги таърихию фарҳангӣ бо истифода аз санъати нотакрори хоси миллӣ ба дараҷае муваффақ ҳам шудаанд.

Ҳамин тариқ, тақвияту ташаккул ва ба ояндагон ба мерос гузоштани падидаҳои ҷадид, ҳамзамон тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати  халқи тоҷик  на танҳо рисолат, балки дарки маънӣ ва фитрати олию зеҳни гиро доштани  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ифода менамоянд.

Агар умқан ба гузаштаи дур назар афканем ва ё ин ки ба роҳи тайкардаи ҷомеаи Тоҷикистон  дар чоряк аср назар афканем, бараъло эҳсос менамоем, ки воқеан ҳам  бунёдкориҳои ду даҳсолаи охир ба мисли шоҳкориҳое мебошанд, ки дар шаклгирии фарҳанги миллии мо ҷараёни тоза касб намудаанд. Хуллас, ба ин васила як силсила комёбиҳои назаррас  ва таҳаввулоти хубу умедбахш ба даст омаданд.

Бунёди неругоҳҳои барқию обии Сангтўда-1  ва Сангтўда-2 , НБО-и Роғун, роҳҳои оҳани паҳнбари Қурғонтеппа- Кўлоб, роҳи  байналмилалии Кўлоб-Хоруғ- Кулма-Қароқурум,  нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон  ва Хатлон,  инчунин бунёду навсозиҳо дар маркази пойтахт, аз ҷумла  сохтмонҳои осмонбўсу боҳашамати Қасри миллат, Боғи устод Рўдакӣ, Амфитеатр, Душанбе плаза, Китобхонаи миллӣ, Нишон ва Рамзи Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами миллӣ,  кохҳои Сомон,  Наврўз, Наврўзгоҳи пойтахт, таҷдиди Боғи Ирам, Чойхонаи «Хуррамшаҳр» дар ноҳияи Данғара ва иншоотҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, Бадахшон ва  водии Ҳисору ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ далел ва шаҳодати хизматҳои бемисолу монанди ин шахсият  ба ҳисоб мераванд, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои  зарҳалин навишта хоҳанд шуд. Зиҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон- Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат.

Мо бо ту мефахрем ва дуогўи онем, ки ҳамеша дар болои сари мо ҷовидон бошӣ!

Оре, Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвою раҳнамои худро дорад. Президенте, ки пайваста аз пайи ободии мулк, бунёдкориву созандагӣ, беҳбуди рўзгори ҳамватанон буда, забони модарияшро ба минбарҳои баланди ҷаҳон баровард, тоҷику тоҷикистониёнро ба ҷаҳону ҷаҳониён чун миллати тамаддунофар муаррифӣ кард. Бо эъмори роҳу шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳо мулкро аз бунбасти маҳдудиву сарбастагӣ ба ҷаҳони бекарон раҳнамун сохт, сохтмонҳои бузурги асрро оғоз бахшид, симои пойтахтро ба куллӣ тағйир дод, мазҳаби миллатро тақвият бахшиду бузургдошти пешвои ин мазҳаби Ҳанафӣ- Абўҳанифа Имоми Аъзамро нахустин маротиба дар таърихи беш аз ҳазору сесаду даҳсолаи ин мазҳаб бо ширкати пешвоёну сарони маъруф диниву мазҳабӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, бузургони миллатро бо таҷлили ҷашнвораҳояшон ба халқу миллат беш аз пеш  шиносонду наздик гардонд, кишвари кўчакамонро дар сиёсати бузург ба қатори давлатҳои абарқудрат бароварду кишварро ба иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст.

Беҳуда нест, ки зимни таҷлили ҷашни 1150-солагии зодрўзи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Маликушшуаро, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ соли 2008  яке аз меҳмонон аз давлати ҳамсояи Афғонистон гуфта буд: «Миллати тоҷик  миллати хушбахт будааст, ки чун Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ  Раҳмон сарвару муттако дорад. Президенти Шумо агар сад калима ҳарф бизананд, шаст калимаи он аз боби фарҳанг аст. Пас сарваре, ки фарҳанги  миллатро дар мадди аввал гузоштааст, ў сарвари сатҳи ҷаҳонист ва ин миллату дастовардҳои онро пештози фарҳанги ҷаҳонӣ  хоҳад кард». Воқеан месазад, ки бисёре аз  сарварон давлатдориро аз Эмомалӣ Раҳмон биомўзанд.

Ҳадаф аз овардани иқтибосҳо он аст, ки мо ба қадри расму оин ва ҷашнҳои таърихии худ расем ва кўшиш ба харҷ диҳем, ки онро ҳифз намоем. Пос доштани ҷашну маросимҳои миллӣ нишонаи хирадмандӣ ва фарҳангпарастист, зеро ба қавли худи Ҷаноби Олӣ «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст».

Оре, бузургон ба воситаи сухан ва номи неки худ умри абадӣ ёфтаанд ва хушбахт касест, ки мероси ниёгонро пос дорад. Дар «Зафарнома»-и Шайхурраис Абўалӣ  ибни Сино омадааст, ки: «Дунё ба чӣ тавон дарёфт? Ба фарҳангпосдорӣ».

Дар анҷоми гуфтор бояд гуфт, ки таърихи тамаддуни башарӣ наметавонад он чиро сарфи назар намояд, ки асри  21 сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониеро дар симои Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Президенти мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё овард. Халқи тоҷик бо чунин абармарди миллат ифтихор дорад ва бо ў ба ҷодаи комёбиҳо устувор гом мегузорад.

Муборак ҷашни истиқлоли тоҷик,
Шукӯҳу шавкати иқболи тоҷик.

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ ,
журналист — иқтисодчӣ

Июнь 27, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид