«Ҷавонон-муҳофизи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ» — ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 8.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябри соли равон Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар мавзӯи «Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ» мизи мудаввар орост.
Дар рафти чорабинӣ зикр карда шуд, ки имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватандорӣ саъю талош намуда, ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳад.
Ҳамчунин ҷавонон низ дар маърӯзаҳои худ иброз доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯст арзишҳои миллии худро эҳтиром намояд, вобаста ба дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатӣ арҷгузорӣ намуда, ба муқаддасоти Ватан эҳтироми воло гузорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд






