Ҷавонони мо дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд масъулиятшинос бошанд

Октябрь 10, 2016 17:00

Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз масъалаҳое буд, ки имрӯз зимни суҳбате дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чорабинӣ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ташкил гардида, роҳбарият, намояндагони КДАМ, ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва таҳсилгирандагони литсейи касбию техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.
Роҳбарияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур ҳадаф аз баргузории ин суҳбатро ҷилавгирии наврасону ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаркатҳои террористию экстремистӣ, салафия ва хурофотпарастӣ арзёбӣ намуданд.
Иштирокдорон доир ба ин падидаи номатлуб иброз доштанд, ки Ҳукумати ҶТ барои ҷавонон шароити зиндагии мусоидро фароҳам овардааст. Ҷавонони мо низ дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд масъулиятшинос бошанд, Ватанро дӯст доранд, ваҳдати миллиро ҳифз намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ваъдаҳои хоҷагони хориҷӣ нашаванд.

Октябрь 10, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар соҳили дарёи Сир ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Замин хонаи умумии мо буда, муназзамии табиати сайёраро бояд нигоҳ дошт
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи дигари Душанбе пайдо шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Бӯстон доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Попи Рим Франсиск дар 88-солагӣ даргузашт
Табодули академӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Тоҷикистон ва Лаҳистон бештар мегардад
«ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст