Дар қароргоҳи ФФТ бо сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» нишасти матбуотӣ доир гардид
Душанбе, 04.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи ФФТ вохӯрии сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки пагоҳ дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам қувва месанҷанд, бо рӯзноманигорони воситаҳои ахбори умум баргузор шуд. Сармурабии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ва мураббии калони дастаи «Истиқлол Нӯъмон Юсуфов ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар бораи тайёрии даста ба ин бозии пурмасъулият сухан ронда, гуфт: «Ҳосилот» омода аст бо муваффақтарин дастаи Тоҷикистон- «Истиқлол», ки панҷ маротиба соҳиби Ҷом шудааст, бозии беҳтарини худро нишон диҳад. Танҳо дар бозӣ ширкат кардани ҳамлагари даста Комил Саидов, ки лат бардоштааст, дар гумон мебошад. Аз ин пештар дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» бо «Истиқлол» се маротиба вохӯрда, ду маротиба ғалаба кардаем ва ин навбат ҳам танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меоем».
Мураббии калони «Истиқлол» Нӯъмон Юсуфов низ аз ин бозӣ натиҷаи қаноатбахшро интизор аст. Ӯ гуфт: «Хати ҳимояи дастаи «Ҳосилот» дар мавсими имсола яке аз беҳтаринҳост ва дар Чемпионат аз дарвозааш аз ҳама кам (13 адад) тӯб гирифтааст. Бинобар ин кӯшиш мекунем, ки роҳҳои ҳалли шикастани ин хати муҳофизатро пайдо кунем, то дар маҷмӯъ ғолибият насиби мо гардад».
Дар чемпионати имсолаи мамалакат «Истиқлол» ва « Ҳосилот» байни ҳам ду вохӯрӣ гузаронидаанд, ки яке мусовӣ(1:1) ва дигаре бо ғалабаи истиқлолиҳо(2:1) ҷамъбаст шудааст. Дар бозии ниҳоӣ, ки арзишаш дучанд аст, кадом даста ғалаба мекунад, пагоҳ маълум хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






