Дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо сурат гирифт

Ноябрь 19, 2016 10:41

Душанбе, 19.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябри соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид ва Нунсии Апостолӣ Фрэнсис Чулликатт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати супоридани нусхаи эътиборномаашон ба ҳузур пазируфт.
Пас аз маросими қабули нусхаҳои эътимоднома атрофи масоили мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
М. Ҳусейнзода Сафири Швейтсария ва Нунсии Апостолиро барои ба ин вазифаҳо таъйин шуданашон табрик карда, ба онҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно намуд.
18 ноябри соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро мавриди муҳокима қарор дода, дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуданд.
Мубодилаи афкори созанда бахусус доир ба роҳу василаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Фаронса сурат гирифт.

12

Ноябрь 19, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд