Кристоф Фонтен, намояндаи MEDEF International: «Рушди объектҳои логистикӣ барои Тоҷикистон муҳим аст»
Душанбе, 18.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Кристоф Фонтен, Раиси Шӯрои соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистони созмони «MEDEF International», сардори шуъбаи идентификатсияи соҳибкорӣ ва узви кумитаи иҷроияи ширкати «Oberthur Technology»
АМИТ «Ховар»: Аз баргузории аввалин анҷумани соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир шуд, як сол сипарӣ гашт. Анҷумани мазкур чӣ натиҷаҳо дод? Барои ҷалби сармояи бахши хусусии Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон кадом тадбирҳо андешида шуданд?
Кристоф Фонтен: Пеш аз ҳама, мехоҳам хотиррасон намоям: ҳайати «MEDEF International», ки моҳи апрели соли 2015 ба шаҳри Душанбе ташриф овард, аввалин ҳайати соҳибкории бахши хусусии Фаронса буд, ки аз Тоҷикистон дидан намуд. Иштироки 25 намояндаи ширкатҳои фаронсавӣ гувоҳи таваҷҷуҳи баланди ширкатҳои Фаронса ба Тоҷикистон мебошад.
Аввалин форуми соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон, ки дар доираи ташрифи MEDEF International ташкил шуда буд, иқдоми муҳиме дар баҳамоии ширкатҳои фаронсавӣ бо ҳамтоёни тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар робита ба ин, мехоҳам иштирок ва дастгирии вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро таъкид намоям.
Баъд аз нахустин сафар, моҳи ноябри соли 2015 MEDEF International Кумитаи давлатии сармогузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ширкатҳои Тоҷикистонро барои мулоқот бо ширкатҳои фаронсавии назди MEDEF даъват намуд. Дар робита ба ин, бо мақсади мусоидат ба рушди ширкатҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон MEDEF International дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистонро таъсис дод. Сарфароз аз онам, ки дар якҷоягӣ бо ҷаноби Некрӯй Забирзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ҳамраиси ин Шӯро мебошам.
Итминон дорем, ки фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мақомоти ҳар ду кишвар ба рушди муносиботи байни доираҳои соҳибкорӣ такони иловагӣ хоҳад бахшид. Ин ба воқифии ширкатҳои фаронсавӣ дар бораи иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва ба диверсификатсияи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар саҳмгузор хоҳад буд.
Бори дигар мехоҳам ширкатҳои гуногунмиқёси фаронсавӣ ва тоҷикро барои пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак даъват намоям. Шӯрои соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон омода аст, ки ба онҳо дар баргузор намудани мулоқот бо якдигар дар Париж ва Душанбе барои табодули таҷриба ва муайян намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.
АМИТ «Ховар»: Дар доираи анҷумани соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон ҷониби Тоҷикистон аз ширкатҳои фаронсавӣ даъват ба амал овард, ки ба сохтмони иншооти логистикӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Ин масъала дар кадом вазъ қарор дорад?
Кристоф Фонтен: Новобаста аз он, ки Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр надорад, дорои ҷойгиршавии ҷуғрофии беназир мебошад ва бо бузургтарин ва зудрушдкунандатарин бозорҳо, ба монанди Чин, Покистон, Ӯзбекистон ҳаммарз буда, бо Эрон ва Ҳиндустон низ наздик аст. Рушди иншооти логистикӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ, бешубҳа, ба Тоҷикистон дар истифодаи талаботи иқтисодиёти зудрушдёбанда мусоидат менамояд.
Рушди иншооти логистикӣ барои талаботи дохилии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои кишоварзии он, саноати хӯрокворӣ ва шабакаҳои фурӯши молҳо (супермаркетҳо) муҳим мебошад. Дар робита ба ин, мо аз хабари ифтитоҳи нахустин супермаркети «Ашан» дар Тоҷикистон бениҳоят хушҳол шудем.
MEDEF International минбаъд низ ба ширкатҳои фаронсавӣ дар масъалаи баррасии саҳми эҳтимолии онҳо ба рушди бахши логистика дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Шӯрои соҳибкорони Фаронсаву Тоҷикистон омода аст, ки дар барқарор намудани робита бо ширкатҳои фаронсавии соҳавӣ мусоидат намояд.
АМИТ «Ховар»: Фаъолияти асосии ширкати Oberthur Тechnology дар чист ва он дар Тоҷикистон чӣ ҳадафҳо дорад?
Кристоф Фонтен: Ширкати Oberthur Тechnology (OT) дар бахши амнияти рақамӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. Ин ширкат дар 3 самти асосӣ фаъол аст: кортҳои қарзии бонкӣ, SIM-кортҳо ва навъи нави кортҳо барои телефонҳои мобилӣ ва, шояд, серамалтарин бозор барои солҳои оянда – тамоми ҳуҷҷатҳои биометрӣ ва электронӣ, аз ҷумла шиносномаҳо, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, корти овоздиҳӣ, корти тиббӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дилхоҳ хизматрасонӣ дар доираи барномаи ҳукумати электронӣ. Ширкати Oberthur Тechnology дар Русия, Украина, кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ фаъолияти қобили таваҷҷуҳ дорад. Аз ҷумла, дар Озарбойҷон шаҳодатномаҳои ронандагӣ таҳия мекунад, дар Гурҷистону Ӯзбекистон бошад, бо омода кардани шиносномаҳо машғул аст. Албатта, ширкати Oberthur Тechnology пурра омода аст, ки дар ҳама гуна ташаббусҳои идентификатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд ва дилхоҳ имконияти сармоягузориҳои маҳаллиро ҷиддӣ баррасӣ кунад.
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
MEDEF International соли 1989 ташкил шуда, созмони хусусии ғайритиҷоратие мебошад, ки таҳти роҳбарии Фредерик Санчес, Раиси Шӯрои мудирони ширкати FIVES фаъолият мекунад.
MEDEF International бонуфузтарин ташкилоти бахши хусусии Фаронса дар сатҳи байналмилалӣ мебошад; ин созмон конфедератсияи соҳибкорони Фаронса (MEDEF) ва 800 ҳазор ширкати ба он шомилбударо дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
MEDEF International беш аз 6 700 ширкати фаронсавиеро, ки аллакай дар ҷаҳон дар 82 шӯрои соҳибкорон бо сарварии 53 нафар роҳбарони ширкатҳои бузургтарини ҷаҳонии фаронсавӣ амал мекунанд, ба ҳам меорад. MEDEF International ҳамчун узви иртиботии бахши хусусӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии тармим ва рушд, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, дигар бонкҳои рушд ва созмонҳои байналмилалӣ баромад мекунад.