21 март-Рӯзи байналмилалии Замин. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи замин ба ҳам тавъаманд

Март 21, 2017 09:21

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар рӯзи эътидоли баҳорӣ дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Соли 1971 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид расман ба ҳамаи кишварҳои аъзои СММ пешниҳод намуд, ки ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Модар-Замин» таҷлил намоянд. Тибқи анъана дар ин рӯз «Зангулаи сулҳ» садо медиҳад. То имрӯз дар бисёр аз кишварҳо, Рӯзи Заминро 22 апрел ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ҳам дар баъзе аз кишварҳо ба мисли ИМА онро мисли пештара дар моҳи апрел ҷашн мегиранд ва онро бо анъанаи ниҳолшинонӣ алоқаманд мекунанд. Ташаббуси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида буд. Аз тарафи ӯ маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор сурат гирифта, барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист таҳия гардида буд.
Мақсад аз эълон доштани Рӯзи байналмилалии Заминро Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи сайёра ҳамчун хонаи умумии ҳар як сокини сайёра арзёбӣ намуд. Абдусаттор Саидов мегӯяд, ки 21 март интихоб гардидани Рӯзи байналмилалии Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Табиист, ки Рӯзи Замин ба ҷашни аҷдодии мо- Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни баналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд. Маълум аст, ки зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ карда мешавад. Аз нуқтаи назари илми биология ба андешаи Абдусаттор Саидов, дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи курраи Замин тағийроти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурданро надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад. Ҷашн гирифтани Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалист ва таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар як сокини сайёра вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд ва ҳар як гӯшаи ин сайёраро ба наслҳои оянда тозаю озода ба мерос монад. Зикр намудан зарур аст, ки аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад.
Дар аксар кишварҳои дунё, ки дар нимкураи Шимолӣ ҷойгиранд, ин рӯзро бо ташаббусу иқдомҳои зиёд ҷашн мегиранд, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ободу зебо нигоҳ доштани сайёраи Замин равона гардидаанд. Миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихии худ ҷой намуд ва Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихиву фарҳангист, балки воқеан ҷашни табиист. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҷашни Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳам тавъаманд.

Март 21, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад