Рустами Эмомалӣ ҷиҳати кушодани хатсайри нави мусофирбарии дохилишаҳрӣ қарор ба тасвиб расонид
ДУШАНБЕ, 31.07.2017./АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он хатсайри нави таҷрибавии мусофирбарӣ ҷиҳати ба ҳам пайвастани ду канори пойтахт боз хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Тавре дар қарор омадааст, хатсайри нав бо мақсади таъмини сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе бо хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рақобати солим дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ кушода мешавад.
Тибқи ин қарор, ояндаи наздик таҳти рақами 50 нақлиёти ҷамъиятӣ ба хизматрасонии мусофирон шуруъ мекунад ва қисмати ғарбии пойтахтро бо қисмати ҷанубии он ба ҳам мепайвандад.
Хатсайри нави нақлиётӣ маҳаллаи Чоряккорон (самти Ҳисор)-ро бо терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” (самти шаҳри Қӯрғонтеппа) хоҳад пайваст.
Раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки ҷиҳати интихоби субъекти хизматрасон дар хатсайри пилотии мазкур тендер доир карда шавад.








Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






