Дар шаҳри Хоруғ боз як пули мошингузар сохта мешавад
ХОРУҒ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо кушода шудани роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Қалъаихум — Хоруғ –Мурғоб — Кулма ҳаракати мошинҳои боркаш аз тариқи роҳи марказии шаҳри Хоруғ хеле афзоиш ёфт.
Ҳамзамон сол аз сол шумораи мошинҳои мусофирбар низ бештар гардида, ҳамарӯза дар ин роҳ танбашавӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ВМКБ бо мақсади пешгирии садама ва танбашавии аз ҳад зиёд ҳаракати мошинҳои боркашро ба воситаи роҳи марказӣ муваққатан манъ намуданд. Нозири калони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вилоят Далер Чоршанбиев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ягона роҳи халосӣ аз танбашавӣ- ин бунёди пули иловагии мошингузар дар болои рӯдхонаи Ғунд мебошад. Дар сурати бунёд гардидани ин пул мошинҳои боркаш ба тарафи соҳили чапи рӯдхона гузашта, бе монеа ҳаракати худро ба самти ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим идома медиҳанд».
Пули мазкур дар мавзеи Паринени шаҳр, дар канори бозори «20-солагии Истиқлолият» сохта мешавад. Раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Вализода ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии масъули дафтари ин бонк дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс аз маҳали сохтмони пули нав дидан намуданд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду навъи лоиҳа — сохтмони эстакада дар масофаи 350 метр ба маблағи 14 миллион сомонӣ ва пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Ғунд бо дарозии 100 метр ва хароҷоти 6 миллион сомониро пешниҳод карданд.
Баъди баррасии ин ду лоиҳа ҳарду ҷониб сохтмони пулро интихоб намуданд.








Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






