Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» соҳиби 3 ҷоиза гардид

Сентябрь 19, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 16 сентяри соли равон дар шахри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа хабар доданд, театри мазкур дар ин фестивал соҳиби 3 ҷоиза ва Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.

Ба иттилои манбаъ,  дар маросими пӯшидашавии фестивал ба 3 нафар аҳли адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.

Пас аз ҷамъбасти фестивал ҳунармандони театр Аловуддин Абдуллоев, Меҳриниссо Ҳоҷибоева ва Маҳмадалӣ Айюбов бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғистон вохурӣ гузаронида, бо пешниҳоди Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода барои тоҷикони муқими Қирғизистон дар мавзеи Учқурғони шаҳри Қадамҷо барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.

Сентябрь 19, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад