«Раванди реинтегратсия ва нақши диаспораҳо ҳамчун ҳамшарикони рушди кишвар»-конференсияи миллӣ дар Душанбе

Октябрь 31, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Раванди реинтегратсия ва нақши диаспораҳо ҳамчун ҳамшарикони рушди кишвар» доир гардид.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода ҳадафи конференсияро мусоидат намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили равандҳои реинтегратсия муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамкорӣ бо онҳо ҷиҳати рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар тасдиқ гардид. Мақсади асосии он фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муайян намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад.  DSC_0801Сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ин ниҳод дар айни замон бо 81 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон, ки ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият доранд, инчунин ду ташкилоти ҷамъиятӣ дар Украина, ду ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Қирғизистон, як ҷамъият ва ҳафт маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ҳамкории судманд дорад. Мақсади ин ҷамъомад ҳам таҳким бахшидани ҳамкорӣ ва ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди кишвар мебошад.  Ба андешаи Моёншо Маҳмадбеков, ин таҷриба қариб, ки дар тамоми давлатҳои дунё мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар рушди кишварҳои Франсия, Туркия, Голландия, Ҳиндустон ва Филиппин саҳми ҷамъиятҳо хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Масалан, дар Арманистон қариб 76 фоизи сармояи ин кишвар аз ҳисоби ҷамъиятҳои бурунмарзӣ мебошад.

Дар кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар хориҷи кишвар иштирок намуда, масоили реинтегратсия дар сатҳи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ, такмили нақши ҷамъиятҳо дар рушди равандҳои реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта, рӯнамоӣ ва муҳокимаи консепсияи «Роҳнамо (RoadMap)» ва нақшаи иҷрои он, умумигардонӣ ва таҳвили тавсияҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷамъиятҳо ҷиҳати таъмини  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷои кор, ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳамзамон коршиносони ватаниву хориҷӣ ба се гурӯҳ тақсим шуда, дар мавзӯъҳои «Вазъият оид ба муҳоҷирони баргаштаистода, реинтегратсия ва нақши диаспораҳо-ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ», «Диаспора шарики рушди Тоҷикистон: Таҷрибаи байналмилалӣ-назария ва амалия», «Дастур оид ба кор бо муҳоҷирон барои мутахассисони ёрии аввалияи соҳаи тандурустӣ: муқаддима ва нақшаҳои оянда» ва «Мушкилоти соҳибкории миёна ва хурд ҳангоми таъсиси ҷойҳои корӣ» андешаҳояшонро баён доштанд.

Конференсияи миллиро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо дастгирии техникии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва ташкилоти Ҳайати шафқат дар Тоҷикистон баргузор намуд.

 

Октябрь 31, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид