СОЯДАСТИ УСТОД БОЗОР СОБИР. Адабиётшинос Боймурод Шарифов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вижагиҳои ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф ҳикоят кард

Ноябрь 20, 2018 12:58

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агар умр вафо мекард, имрӯз, 20 ноябр  шоири маҳбуби тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз   шинохтатарин ва дӯстдоштатарин шоирони ватансарои  тоҷик устод Бозор Собир ба синни 80 медаромад.  Мавқеи барҷастаи ин чеҳраи бонуфузи адабиёти муосир дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик абадан сабт гардидааст. Шеърҳои ширину оташин, эҳсоси баланди ватанпарастию хештаншиносӣ, рӯҳи шикастнопазири ӯ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҷасорату шуҷоат дар роҳи мубориза бо хурофот ва экстремизм  барои наслҳои имрӯзу оянда намунаи ибрат хоҳанд буд.

Дар робита ба осор, диди эстетикӣ ва мавқеи барҷастаи ин чеҳраи бонуфузи адабиёти муосир дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо адабиётшинос, номзади илми филология, дотсент Боймурод ШАРИФОВ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Ашъори тасвирӣ ва ошиқонаи устод Бозор шуҳрату маъруфияти зиёд дорад. Лирикаи ишқиву маҳрамонаи ӯ вирди забони ҷавонон буд, ҳаст ва мемонад. Шумо, хато накунам, аз даврони донишҷӯӣ осори шоирро  пажӯҳиш кардаед…  

Б. Шарифов: Бале, ин суоли Шумо маро ба ёди давраи ҷавониву донишҷӯиям мебарад. Соли 1982 донишҷӯи соли аввали факултаи филология будем. Бори аввал номи ин суханварро аз забони ҳамсабақам Аҳлиддин Рофиев, ки ба синн аз мо бузург буду пайваста аз Бозор Собир шеър мехонд, шунидем. Баъдтар маҷмӯаи шеърҳои «Мижгони шаб»-и ӯ дастраси мо шуд. Дар назари мо Бозор Собир чун шоири дорои эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ менамуд. Ин сифатҳо манзалати ӯро баланд мекарданд.

Дар соли дуюми донишҷӯӣ (1983) устоди роҳнамоям Рустами Ваҳҳоб гуфт, ки дар мавзӯи «Талмеҳ дар шеъри Бозор Собир» кори курсӣ нависам ва ҳамин тавр пажӯҳишро рӯи осори ин суханвар оғоз кардам. Баъдтар атрофи масъалаи машаққати эҷодии устод зери унвони «Тадқиқи текстологии ашъори Бозор Собир» рисолаи дипломӣ навиштам. Барои ин кор зарур омад, ки тамоми шеърҳои устодро аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо гирд оварам ва натиҷаи таҳриру тағйиротеро, ки шоир тӯли фаъолияти эҷодӣ ба шеърҳояш ворид кардааст, ошкор созам.

Як боби рисолаам «Камоли ҳунар» ном дошт ва чунин хулосаи илмӣ баровардам, ки дар марҳилаҳои аввали эҷодӣ, яъне то солҳои ҳаштодум, шоир шеърҳояшро бештар таҳрир кардааст ва дар марҳилаи дуюм, ки ба камоли ҳунарӣ расидааст, шеъраш аз ҳар ҷиҳат пухта шуда, дигар таҳрирро талаб намекунад.

Аммо ин хулосаи илмии банда ноқис баромад. Маҷмӯаи «Аз «гули хор» то «симхор» нишон дод, аз он шеърҳое, ки мо намунаи камоли маҳорат мегуфтем, чизе намондааст. Аксари он шеърҳоро устод хат зада, аз баҳрашон баромадааст. Ин масъала пажӯҳиши дақиқи илмиро талаб мекунад, ки дар ин мухтасар мо ҳоло чизе намегӯем. Хулоса, то соли 1989 устод Бозор Собир 187 шеър навишта буд ва қариб ҳамаи ин ашъорро банда аз ёд медонистам.

АМИТ «Ховар»: Вохӯрии аввалини шумо бо устод кай  рух дод?

Б. Шарифов: Соли 1987 маҷмӯаи шеърҳои «Бо чамидан, бо чашидан..»-и устод мунташир шуд. Барои мо — ташнагони шеър ин беҳтарин падида буд. Як рӯз бо ҳамсабақам Неъмат Эшқувватов маслиҳат кардем, ки барои соядаст гирифтан назди устод меравем. Он замон устод мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагон буд. Аз рӯи овозаҳо, устод асосан шаб то саҳар мехонду менавишт ва рӯзона хоб карда, баъди нисфирӯзӣ ба кор меомад.

Вақте мо ба назди утоқи кориаш наздик шудем, одамони зиёде барои соядаст гирифтан омада буданд. Устод номи мухлисонро мепурсид ва агар ном бо мазмуну қофия рост ояд, филфавр чизе менавишт. Масалан, барои ҳамсабақам Неъмат чунин соядаст навишт:

«Ба ғайр аз дафтари шеъру ғазалҳои парешон,

Надорам неъмате ман аз барои Неъмати ҷон!»

Ба китоби дар дастбудаи ман чунин соядаст навишт:

«Шеъри ман нони хушкро монад,

Ба як онаш наметавонӣ бихӯрд.

Гар кунӣ тар ба оби чашм варо,

Дар гулӯи ту дар намемонад».

Устодро хеле одами одӣ ва самимӣ дарёфтем ва ин сабаб шуд, ки минбаъд бо ҷуръати том, ҳар замон, ки мехостем, наздаш равем.

АМИТ «Ховар»:   Боре  гуфта будед, ки устод Бозор дар донишгоҳ ба шумо  сабақи шеър додааст…   

 Б. Шарифов: Солҳои 1988-89 буд, вобаста ба таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии замона, яъне бозсозиҳо дар мактабҳои олӣ ҳам қолабшиканиҳо сар шуд. Донишҷӯ имкон пайдо кард, ки фикру мулоҳизаҳояшро ошкор баён кунад.  Воқеан, замони шӯравӣ нақди шеър ба таҳлили мундариҷаву мӯҳтаво маҳдуд буд. Ба ҳунари суханварӣ аҳамияти дуюмдараҷа медоданд.

Хулоса, бо ташаббуси устодони факулта устод Бозор барои дарси шеър ба факултет даъват шуд. Иштирок дар дарсҳои устод ихтиёрӣ буд. Мо, донишҷӯён бо як иштиёқ мунтазири устод мешудем ва панҷоҳ- шаст нафар дар як аудитория ҷамъ меомадем. Рӯзҳои аввал устодони факулта ҳам ба дарси ӯ медаромаданд.

Ҳамаи он чи ки устод мегуфт, барои мо нав буд, яъне мо чӣ будани ҳунари шеърро аз ӯ омухтем. Матлабро устод ниҳоят содаву заминӣ баён мекард, мисолҳо меовард, навовариро дар шеър бо мисолҳои мушаххас фаҳмонда медод. Барои дарси устод 36 соат ҷудо шуда буд, аммо ҳамаи гапҳоро ӯ дар 10 соат фаҳмонда дод.

Он солҳо устод Бозор тавонист, ки дилҳои мо донишҷӯёнро барои гиромидошти забон, миллат ва давлатамон ба таппиш оварад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад ватандор аст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ.

АМИТ «Ховар»:  Ҳар суханвар диди зебоишиносии худро дорад. Ба андешаи шумо диди эстетикӣ ва фазилати бузурги суханварии устод Бозор дар чист?

Б. Шарифов: Агар ба таърихи адабиёти ҳазорсолаамон назар кунем, мебинем, ки баъзе аз суханварон ба шеър аз даричаи ахлоқ ва бархе дигар аз даричаи ҳунар наздик шудаанд. Бисёри суханварон қолаби назмро барои ифода кардани афкори фалсафию ирфонии худ ба кор гирифтаанд ва барои оростани либоси шеър кам кӯшиш кардаанд. Бо вуҷуди ин маъниву мазмуни ғании ашъори онҳо ба сурудаҳояшон умри абадӣ бахшидааст. Он маъниву мазмунҳоро такрор кардани шоири муосир кори беҳуда аст.

Як фазилати бузурги суханварии устод Бозор он буд, ки ӯ аз пойгоҳи баланди шеъру шоирӣ огоҳӣ дошт. Ба қавли маъруф, худшиносии эҷодиаш дар ниҳояти камол буд:

Ман валекин бештар аз пурнависам дар шигифт,

Нав нагуфту нав ба нав аз халқ навдорон гирифт.

Бар тани девораш ин донишмаоб,

Чида як девор аз хишти китоб,

Хишти девори утоқаш пухтаю хишти китобаш хом.

Мон, ту корашро заминҷунбӣ кунад ҳал,

Бар сараш хишти китобаш афтад аввал…

Ин пораи шеърӣ аз ашъори замони шӯравии устод аст. Ӯ шоирест, ки паи ҷоҳу ҷалол, унвону шӯҳрат нарафтааст:

Даъвои он надорам,

К-аз шоирӣ хӯрам нон,

Ё пул кунам қаламро

Дар обхези даврон.

Агар меъёри шинохти шеър ҳунар қарор бигирад ва ҳунар дар тозагии баёну ихтирои шаклҳои тозаи хаёлӣ бошад, устод Бозор дар шеъри муосири мо беназир аст. Ҳарчанд худи ӯ аз шеъраш норизо буд, аммо шеърҳои зиёде дорад, ки бо онҳо метавонад дар таърихи адабиёти мо мақоми абадӣ дошта бошад.

Гарчи мардум ҳарчи мегӯянд,

Кӣ чу ман дар орзуи номи ҳофизвор нест;

Кӣ намехоҳад, ки якто не,

Камтарин бошад, валекин шоире бошад,

Шоҳкоре не, агар байте бимонад ёдбуд

Дар забони миллати худ…

АМИТ «Ховар»: Устод Бозор ба зиндагӣ ва шеър, ба таърих ва ҷомеа, ба Ватан ва ватандорӣ, ба инсон ва шахсият, ба арзишҳои моддию маънавӣ ва миллию башарӣ диду назари хосса дошт, ки дар шеъраш ба таври хеле равону возеҳ инъикос ёфтаанд. Симои эҷодӣ ва арзиши ҳунарии ашъори устод Бозорро дар фаъолияти адабиашон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Б. Шарифов: Баҳо додан ба арзиши ашъори устод Бозор Собир кори саҳл нест. Дар қаламрави шеъри тоҷик ихтирооти зиёде кардааст, ки собиқа надорад. Шеъри ӯ ҳам аз нигоҳи мундариҷа ва ҳам шакл қобили мулоҳиза аст. Беҳтарин мавзӯъҳои иҷтимоиро дар либоси шеър ҷилвагар карда, назми навини тоҷикро дар таппиш овардааст.

Хулоса, ашъори устод Бозор ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ роҳ ёфта, номи ӯро ба таври ҳамешагӣ зинда медорад.

Дар акс Рустами Ваҳҳоб, устод Бозор Собир ва Боймурод Шарифов

 

Устод Бозор Собир дар мулоқот бо донишҷӯён зимни навиштани соядаст

 

 

Ноябрь 20, 2018 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд