Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 14.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш 110,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳисоботи мазкур зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2018, ки 11 январи соли равон баргузор гардид, аз ҷониби муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баён гардид.
Анвар Яъқубӣ афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурўъ намуда, дар натиҷа 1 ҳазору 431 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид гардид, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 млн. 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст.
Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки соҳаи саноат дар вилояти Суғд сол аз сол рушд ёфта, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзандаи сокинон мусоидат менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.








Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад






