Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии бемориҳои чашм ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншоотҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, дар