22-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ҒОЯВӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид

Июнь 22, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора 21 июн қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ таҷлил намудани 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, таҳаммулпазириву ҳамдилӣ муттаҳид намудани сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Бояд  тазаккур дод, ки Рӯзи Ваҳдати мллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи  пойтахт,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе  базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои  шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки 27 июни соли 1997  ба таърих ҳамчун  ибтидои замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Июнь 22, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд