ҒАЛАБА МУБОРАК! 4 голи беҷавоби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи Ӯзбекистон

Июнь 22, 2019 12:44

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бозии аввали дӯстонаи  дастаҳои  футболи  мунтахаби  то 16-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 21-уми июни соли равон  дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ин бозии ҷолибу шавқовар футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби  наврасони Ӯзбекистонро  бо ҳисоби калони 4:0 шикаст доданд.

Ёдовар мешавем,ки  дастаи мунтахаби  наврасони  Тоҷикистон  бозии дуюми рафиқонаи хешро ба муқобили тими  мунтахаби Ӯзбекистон рӯзи 23 -юми июни соли равон  баргузор мекунанд. Бояд зикр кард, ки дидори мазкур дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:30 доир мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:0

Голҳо: Сунатулло Азизов, 31 (1:0). Абдулфатоҳи Худойдодзода, 39 (2:0). Фахриддин Аҳтамов, 67 (3:0). Кабир Салимшоев, 81 (4:0).

ТОҶИКИСТОН (U-16): Сафармад Гафоров (Суҳробхӯҷа Юсупов, 77), Раҳматшо Раҳматзода (Асадбек Содиков, 72), Хукмиддин Шомуродов, Меҳрубони Абдурауф (Фахриддин Аҳтамов, 56), Шаҳриёри Иноятулло (Муҷовид Шовайсиддинов, 58), Қурбоналӣ Муродов (Амирҷони Фаррухзод, 56), Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалебов (Рӯзимухаммад Абдураҳмонов, 58), Кабир Салимшоев, Абдулфатоҳи Худойдодзода (Нурсултон Норбойзода, 72), Сунатулло Азизов (Меҳрубон Каримов, 58).

Ӯзбекистан (U-16): Самандар Ҷурабеков (Бекнур Пармонов, 46), Вазген Погосян, Бомур Муйдинов, Кирилл Тодоров (Пулат Ҷумахонов, 65), Тоҳир Тухтасунов (Асадбек Бегларханов, 62), Муҳриддин Позлидинов (Азизҷон Тошкенбаев, 46), Абдуқадир Ҳусанов (Шаҳзод Акрамов, 46), Ҷасур Убайдуллаев (Мақсуд Аллохоҷаев, 36), Рустам Турдимуродов, Алишер Хайруллаев (Нодир Абдуразоқов, 65), Аблоёр Раҳматов (Риан Исламов, 46).

Июнь 22, 2019 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд