Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба Афғонистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 июни соли равон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
М. Маҳмадаминов зимни суханронӣ аз таҳдиду чолишҳои мавҷуда, ба вежа терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ёдрас гардид. Дар ин робита зарурати пиёдасозии амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҳамчунин оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои муҳими дар ҷумҳурӣ баргузоршуда, аз ҷумла Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (16-17 майи 2019) ва 5-умин Иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14-15 июни 2019) маълумот дод.








Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон вохӯрӣ кард






