«Ваҳдату субот — заминаи устувори рушди сайёҳӣ»,- таҳти чунин унвон дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

Июнь 3, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2019 дар ноҳияи Рашт дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ки омили зиёд шудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат гардидааст, Конфронси минтақавии сайёҳӣ дар мавзӯи «Ваҳдату субот — заминаи устувори рушди сайёҳӣ» баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад, конфронси мазкур ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» бахшида шуда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 роҳандозӣ гардидааст.

Дар кори чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, муовинони соҳавии раисони ноҳияҳои водии Рашт, мақомоти дахлдор, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли минтақа иштирок меварзанд.

Дар конфронс масъулини соҳа якҷо бо мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои дахлдори минтақа роҳҳои рушди сайёҳии минтақаи Раштро баррасӣ менамоянд.

Ҳамчунин, масъулини соҳа якҷо бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз маконҳои тамошобоби водии Рашт дидан карда, хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия менамоянд ва ба пешниҳоди дӯстдорони сайру саёҳат мегардонанд.

Июнь 3, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд