«ЗИННАТУ ҲУСНИ ҶАВОНИСТ ЧАКАН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Июнь 18, 2019 17:50

ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон  таҳти унвони «Зиннату ҳусни ҷавонист чакан»  баргузор гардид. Фестивали  мазкур  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  роҳандозӣ шуда, мақсад аз он эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон, пайдо намудани маликаи чакан ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон мебошад.

Дар фестивали мазкур беш аз 300 нафар ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Аз ҷумла, хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН низ дар фестивал иштирок дошт ва дар бораи баргузории он чунин гузориш медиҳад:

Субҳи 15 июни соли 2019  гурӯҳи 150 нафараи  иборат аз ҷавонони фаъол — гирандагони стипендияи президентӣ, хонандагон, донишҷӯён ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо аз  вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд.  80 нафар ҷавонон  аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даромадгоҳи ноҳияи Восеъ ба гурӯҳи  мо  ҳамроҳ шуданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия нахуст иштирокчёни фестивалро Раиси ноҳияи Восеъ Мусо Ғафурзода пешвоз гирифта, онҳоро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Пасон ҳайати гурӯҳ аз Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ дидан намуда, аз таъриху фарҳанги ин макони таърихӣ барои худ маълумот гирифтанд.

Сипас иштирокчиёни фестивал  сафари худро ба шаҳри Кӯлоб идома доданд. Дар рӯзи аввал меҳмонон аз ҷойҳои таърихии шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла аз Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва боғи фарҳангӣ–фароғатӣ дидан намуданд.

16 июн субҳи барвақт иштирокчиён дар назди бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъ омада, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди заргарӣ, гулдӯзӣ, чӯбтарошӣ, тоқидӯзӣ ва гулбаст дидан намуда, ба ҳунару маҳорати сокинон шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.

Зимни баргузории Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Накши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримоддии фарҳанги ЮНЕСКО» муовини Раиси вилояти Хатлон  Махфират Хидирзода зикр намуд, ки «воқеан, фарҳанг яке аз василаҳои муаррифии миллат  маҳсуб шуда,  дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун як рукни муҳими фарҳанг  қабул шудааст, ки  ин мояи ифтихори мо тоҷикистониён аст. Талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат  дар замони пуртаззоду мушкили ҷаҳонишавӣ, ки баҳри рушди фарҳанг равона  шудааст, имрӯз натиҷаҳои хубро ба бор овард. Ҳоло маҳз тавассути талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мо ба он комёб шудем, ки  чанд намудани  фарҳанги миллии мо ба  рӯйхати фарҳангии ЮНЕСКО  ворид шудааст. Ҷанбаи муҳиме, ки имрӯз бояд ҳар як ҷавон онро ба хубӣ дарк кунад, ин аст, ки фарҳанг танҳо ҳунару ҳунармандӣ ва суруду тарона  нест. Он яке аз василаҳои муҳими таъмини  амнияти милливу давлатӣ мебошад. Ҳуҷумҳои фарҳангие, ки имрӯз эҳсос мешаванд, пеш аз ҳама, ба он равона шудаанд, ки ҳастии миллатҳоро заиф гардонанд. Ҳоло  мо медонем, ки барои нест кардани миллатҳо яроқи ҳастаӣ зарур нест. Танҳо дар ҳолати гирифтани забон ва фарҳанг дилхоҳ миллат аз байн меравад».

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки иқдоме,  ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш рӯи даст гирифтааст, амали нек,  саривақтӣ ва муфид  мебошад. Имрӯз чакан ҷавононро ба ҳам овард. Ин сарҷамъии ҷавонон дар гирди чакан  аз  ҳунари волову  қадимии  миллати тоҷик будани он бори дигар шаҳодат медиҳад.

«Чакан намунаи олии тамаддунофарӣ, бунёдгузорӣ ва фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Аз қадим  занону бонувон нақшу нигори чаканро дар либосҳои  хеш тасвир менамуданд.  Ин мероси гаронарзишро имрӯз тамоми тоҷикони ҷаҳон истифода мебаранд ва аз он ифтихор доранд»,- афзуд М. Хидирзода.

Ба зикри Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  миллати куҳанбунёди мо дар масири  таърих бо тамаддуну арзишҳои воло  машҳур гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ моро чун ворисони Оли Сомон мешиносанд.

«Таърихи тоҷикон бо саҳифаҳои рангини худ хазинаи тиллоии ҷаҳониро боз ҳам рангинтар намудааст. Мардуми солори мо аз қадим анъанаву суннатҳои аҷдодиро дар замири худ мепарваранд ва имрӯз низ Тоҷикистон чун таблиғгари арзишҳои башардӯстона дар арсаи ҷаҳон симои миллии худро доро мебошад. Хурсандиовар аст, ки ҳамасола аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ урфу одат ва арзишҳои миллии тоҷикон пазируфта мешаванд. 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО  дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий чакан ва ҳунари гулдӯзии тоҷикон бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Ин  рӯйдод, албатта,  мояи  ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад», — таъкид намуд А.Абдуллозода.

Бояд гуфт, ки дар саҳифаи ЮНЕСКО доир ба чакан омадааст, ки:  «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

Ба андешаи  намояндаи  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Рамазон Насриддинзода ба ҳам омадани кулли ҷавонони ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб нишонаи он аст, ки имрӯз Пешвои миллат ба ҷавонон эътимод ва боварии комил доранд ва рисолати бузурги муаррифии ин ҳунарро маҳз бар дӯши онҳо гузоштаанд.

«Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ   чакан ва чакандӯзӣ сарҳадро убур кард ва дар хориҷ мақому манзалати худро худро пайдо намуд.  Агар мо ба таърихи чакан рӯ оварем ҳар як гулу ранги чакан дорои маънои хосе мебошанд. Косагулҳое, ки дар домони куртаҳои гулдухтарон  маҳз бо сӯзанӣ дӯхта шудааст,  ин нишонаи шукуфоии Ватан мебошад.   Офтобе, ки  дар тоқиҳои ҷавонписарон гулдӯзӣ шудааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки  Тоҷикистон  мамлакати офтобӣ ва тоҷи тоҷикон ҳамеша болои сар аст.  Яъне муҳаббату самимият, дӯстиву рафоқат,  иттиҳод ва ваҳдат дар чакан пурра инъикос шудааст»,-   иброз дошт номбурда.

Пас аз анҷоми конфронс нимаи дуюми ин рӯз озмуни ҷумҳуриявии «Маликаи Чакан» бо иштироки 15 нафар  ҷавондухтарон  доир гардида, аз байни онҳо  маликаи чакан  намояндаи шаҳри Кӯлоб Фарзона Давлатзода интихоб гардид.

Дар роҳпаймоие, ки  шоми  16 июн аз майдони Парчам то Маҷмааи таърихии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб доир шуд, беш аз 3 ҳазор нафар  ҷавонони касбу кори гуногун, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» гирандагони стипендияи президентӣ, ҳунармандон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо  иштирок намуданд.

Пас аз роҳпаймоӣ иштирокчиён дар Маҷмааи таърихии 2700- солагӣ ҷамъ омада, муроҷиатномаи ҷавононро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуданд.

Дар фарҷом баҳри болидахотирии  ҷавонон барномаи консертӣ бо иштирокм  ситораҳои ҷавону умедбахш  таҳти унвони «Ҷавонӣ ҳамсони чакан аст!» доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ буда, дорои таърихи ниҳоят қадимӣ мебошад. Он ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.


Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2019 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд