ФУТБОЛ: бозиҳои даври 12-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври дувоздаҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуданд. Аз шаш бозӣ дар чортоаш мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд, ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0, «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷанд бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 9:2, «Равшан»-и Кӯлоб бар «Исфара»-и Исфара ва «Зарафшон»-и Панҷакент бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд.
Дар вохӯриҳои дигар дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе бозиро дар меҳмонӣ бо «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ва «Саройкамар»-и Панҷ бозиро дар майдони худ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар 11 бозӣ 27 имтиёз гирифтааст, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, дастаи «Файзканд» ягона дастаест, ки бохт надорад.
Дастаи футболи «Локомотив-Помир» бо 26 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи «Душанбе-83» бо 22 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сенздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21 июли соли равон баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 12-ум
«Ваҳдат» – «Душанбе-83» – 0:0
«Парвоз» – «Шоҳмансур» – 9:2
«Саройкамар» – «Ҳулбук» – 1:1
«Равшан» – «Исфара» – 1:0
«Локомотив-Помир» – «Эсхата» – 3:0
«Зарафшон» – «Дӯстӣ» – 1:0
Даври 13-ум
21 июл (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Дӯстӣ» – «Ваҳдат»
«Эсхата» – «Зарафшон»
«Исфара» – «Локомотив-Помир»
«Ҳулбук» – «Равшан»
«Шоҳмансур» – «Саройкамар»
«Барқчӣ» – «Парвоз»
«Душанбе-83» – «Файзканд»








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






