ФУТБОЛ: Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон вориди рақобат мешаванд

Июль 15, 2019 18:18

ДУШАНБЕ, 15.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза баъд  бозии даври сеюми  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби  футболи Тоҷикистон ва Кореяи  Шимолӣ дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон   баргузор  мешавад. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки   7 июли соли  равон  дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.   Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки  дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

Хотиррасон  менамоем, ки  10 июли соли 2019  бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби  Тоҷикистон ва Сурия дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон  дар сатҳи баланду хотирмон доир  шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.  Дар  ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 2-юм      

ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳом Баротов, 67 (2:0).

Бояд гуфт, ки  Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои  бозингарони  Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.

Июль 15, 2019 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад