ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН: густариши ҳамкориҳо дар соҳаи гумрук
ДУШАНБЕ, 05.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Решад Попал дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Афғонистон Аҳмад Решад Попал ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, ба Тоҷикистон омадааст.
Хуршед Каримзода зимни мулоқот изҳор намуд, ки ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷиикистон ва Афғонистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати умумии гумрукоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба роҳ монда шудааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварданд, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлати ҳамҷавор дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.
Хуршед Каримзода зикр намуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Аҳмад Решад Попал аз сатҳ ва раванди ҳамкории дуҷонибаи мақомоти гумруки Афғонистон бо мақомоти гумруки Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мубодилаи маълумоти элекронӣ, тасдиқи транзити воридоти молҳо дар портали ASYCUDA дар Гумруки Панҷи Поён, вохӯрии гурӯҳи кории дуҷониба дар сарҳад оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, баррасии имконияти ташкили фаъолияти муштарак дар сарҳад, табодули таҷриба ва бозомӯзии кадрҳо, мубодилаи мунтазами маълумоти омории тиҷорати хориҷӣ, мубодилаи натиҷаҳои муқоисавии таҳлили маълумот, муайян намудан ва бартарафии ин мушкилиҳо, баргузории вохӯрӣ ҷиҳати баҳодиҳии тадбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад






