8 август — Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо: 80-90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад

Август 8, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Аз соли 2004 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон 8 август Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо (духтурони чашм) ҷашн гирифта мешавад. Маҳз барои он таҷлили ин рӯзро 8 август интихоб намудаанд, ки дар ин рӯз ҷарроҳи  бемориҳои  чашм, профессор, академики Академияи илмҳои тибби Россия  Святослав Федоров ба дунё омадааст.

Офталмолог духтуре мебошад, ки яке аз узвхои асосии инсонро табобат мекунад.  Бояд гуфт, ки аз 80 то 90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад. Чашм  яке аз узвҳои асосии   инсон ба ҳисоб рафта, ҳар нафарро зарур аст, ки дар ҳама гуна ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад.  Ба ақидаи табибон, андаке бепарвоӣ ва беэҳтиётӣ  сабаб мегардад, то кас қобилияти биноияшро аз даст диҳад ва зиндагии хешро тираву норавшан созад.

Аз ин рӯ ҳар як бемории чашме, ки таҳти таъсири ин ё он омил ба вуҷуд меояд, нороҳатиҳои зиёд ба бор меорад.  Ана дар ҳамин лаҳза офталмологхо  (духтурони чашм) ба ёрӣ мерасанд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар»   табиби соҳаи чашми Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм Амрулло Ғиёсов иброз намуд, сабабҳои аслии ба беморӣ гирифтор шудани чашми инсон модарзодӣ, никоҳи хешутаборӣ,  риоя накардани  гигиенаи босира,   инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) мебошанд.

«Дар шароити имрӯза бештар ҷавонону наврасон ба хар гуна бемориҳои чашм гирифтор мешаванд, ки сабаби аслии он нодуруст истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла телевизор, телефон ва компютер мебошад.  Имрӯз мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло гирифторони бемории чашм ниҳоят зиёд буда, аксарияти  беморонро кӯдакон ташкил медиҳанд»,- зикр намуд Амрулло Ғиёсов.

Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки имрӯз бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст. Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд. Аз ҷумла, бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синну солӣ, бемориҳои илтиҳобии чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд вобастагӣ доранд, аз ҷумлаи бемориҳое мебошанд, ки дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат намудан метавонанд барои барқарор намудани нури чашм мусоидат намоянд. Ба ин хотир ҳар як инсон   бояд  дар як сол на камтар  аз ду — се маротиба аз назорати  офталмолог (духтури чашм) гузарад.

Ҳамчунон духтури Маркази клиникии бемориҳои чашм иброз дошт, ки никоҳи хешу таборӣ низ метавонад яке аз омилҳои бо нуқсони бемории чашм таваллуд шудани кӯдак гардад. Яке  аз сабабҳои нуқсони модарзодии чашм,  ба монанди бемориҳои оби марворид бештар дар ҳолати никоҳи хешутаборӣ ба амал меояд.  Аз ин рӯ,  баҳри бе ориза таваллуд шудани тифл дар байни занҳои ҳомила низ  муоинаи  тиббии профилактикӣ  гузаронида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир,  амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз мамлакат, балки дар худи Тоҷикистон низ чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд.

Чашм яке аз узвҳои асосии инсон буда, дар ин замина риояи тавсияҳои табибон ҳатмист. Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз  компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст   истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани моҳию ҷигар, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.

 Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 8, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон